​Тренингҳои психологӣ дар факултетҳои донишгоҳ

Мувофиқи нақша ‐ чорабиниҳои кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ дар доираи “16 - рӯзи амал алайҳи хушунат” дар як қатор факултетҳои донишгоҳ тренингҳои психологӣ доир шуд.

Гуфта шуд, ки тренинги мазкур ба мавзуи "Зӯроварӣ дар оила ва намудҳои он" ташкил ва гузаронида шуд.

Дар тренинги психологӣ методҳои шиносоӣ, бозӣ, ҳуҷуми зеҳнӣ, кори гурӯҳӣ, бозиҳои ролӣ ва лексияи хурд гузаронида шуд. Дар рафти тренинг донишҷӯён аз зуҳуроти зӯроварӣ, намудҳои он ва пешгирӣ кардани ин падида маълумоти заруриро аз худ карданд.

Мақсад аз баргузор намудани тренингҳои психологӣ дар факултетҳои донишгоҳ ба донишҷӯён додани маълумот ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ мебошад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола маъракаи иттилотии “16 - рӯзи амал алайҳи хушунат” дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25‐уми ноябр то 10 ‐уми декабр давом меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ