Татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар амал

Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ироа гардид, дар робита ба ин вохӯрии декани факултети забонҳои хориҷӣ профессор Абдуллоева Меҳриниссо бо донишҷӯписарони курсҳои I-IV доир гашт.

Зимни мулоқот профессор Абдуллоева Меҳриниссо қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Мо бояд пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳоро гирем, онҳоро ба илмомӯзӣ, азхуд намудани касб, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати хеш даъват намоем”.
Аз ин сабаб, вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Дар идомаи сухани хеш профессор Абдуллоева Меҳриниссо зикр кард, ки Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз доштанд, ки “... бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифратгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ бо таълимоти инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад”.
Дар идома мавсуф ба донишҷӯён муроҷиат намуда, қайд кард, ки ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гароидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд.
Сипас, Собирзода Абдуқаюм, донишҷӯи курси 2, миннатдории хешро барои баргузории чунин мулоқоти пурмӯҳтаво баён намуда, ҳамзамон афзуд, ки Пешвои миллат ба ҷавонон аҳамияти махсус дода, дар ҳар як баромадҳои хеш таъкид месозанд: ”Ҷавонон ояндаи миллатанд”. Ӯ иброз дошт, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Президенти кишвар ҷавонон бояд пайрави сиёсати хирадмандонаи он кас бошанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд то илм омӯхта дар оянда номбардор ва парчамбардори кишвари маҳбубамон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар гардида бошанд.
Ҳамчунин, Носиров Фирӯз, донишҷӯи гурӯҳи 201 ҳозиринро бовар кунонид, ки гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кӯшиш мекунанд, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати сулҳпарвару меҳанпараст муаррифӣ намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот профессор Абдуллоева Меҳриниссо аз донишҷӯписарон даъват ба амал овард, ки аз ҳар гуна ҷараёнҳои номақбул канорагирӣ намуда, худ, оила ва ҷомеаи кишварро ба фалокат наандозанд. Ҷавонони кишварро зарур аст, баҳри ободию осудагии ватани азизи хеш камари ҳиммат баста, донишҳои замони муосирро аз худ намоянд, аз телефонҳои мобилӣ ва расонаҳои интернетӣ дуруст истифода баранд. Аз тамошо ва дастгирии ҳар гуна наворҳо ва маълумотҳои ғаразнок худдорӣ намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ