Таҷрибаомӯзон дарсҳои намунавӣ мегузаранд

Донишҷӯёни бахши сеюми факултети забонҳои хориҷӣ барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 зери роҳбарии устодон таҷрибаомӯзии худро гузаронида истодаанд.

Дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯи бахши 3, Бишарифа Ғафурова дарси кушоди намунавӣ аз забони англисӣ дар синфи 8 “в” дар мавзуи “Television” ташкил намуд. Таҷрибаомӯз дар ҷараёни машғулият аз воситаҳои муосири таълим ба монанди тахтаи электронӣ, муаррифӣ ва айёниятҳои гуногун васеъ истифода намуд. Донишҷӯ-таҷрибаомӯз тавонист аз вақт самаранок истифода, мазуну моҳияти дарсро ба шогирдон фаҳмонад.

Дар интиҳо дарси таҷрибаомӯз мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани машғулият устодон тавсия ва пешниҳодҳои худро доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ