​Танбалӣ ба фасодкорӣ меоварад!

Хислатҳои мухталифи инсонӣ дар алоқамандӣ бо сатҳи ақлу заковат, фарҳанг, тарбия ва маърифат боиси падидаҳои мусбату манфӣ дар ҷомеа мегарданд. Ба сифати мисоли аёни таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа метавон танбалиюфориғболии фардро инъикос намуд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвари соҳибистиқлоламон миллионҳо нафар толибилмон ба ҷустуҷӯи илму дониш машғуланд. Ҷомеаи муқтадири омӯзгорону устодон ба ин толибилмон дарс мегузаранд. Дараҷаи таъминоти иқтисодии муассисаҳои таълимӣ, хусусан дабистону кӯдакистонҳо бошад, алҳол дар дараҷаи қаноатбахш буда таваҷҷӯҳ ба онҳо торафт бештар мегардад. Муқаррар карда шудааст, киташкили қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тариқи Маркази миллии тестӣ боисиаз байн рафтани зумрае аз амалҳои коррупсионӣ ба мисли порадиҳӣ, ришваситонӣ, хешбозӣ, дахолати мансабдорони воломақом ва ғайра гаштааст. Аммо, тоифае аз толибилмон баъд аз қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рафтору кирдори худ куллан тағйир медиҳанд ва бевосита барои зуҳуроти ҳолатҳои коррупсионӣ сабабгор мешаванд.

Донишҷӯён аз пайи ҳавою ҳаваси ҷавонӣ бо кӯчагардиву тамошо банд мешаванду вазифаю супоришҳои устодонро саривақт, дар ҳаҷми пурра иҷро намекунанд. Танбалӣ, иродаи сусти донишҷӯ, набудани таҷрибаи истифодаи самараноки вақти фориғ аз таҳсил, назорати ғайрикофиипадару модарон ва омилҳои дигар ба он оварда мерасонад, ки донишҷӯ аз устод наметавонад маҷмӯи қаноатбахши холҳоро ба даст оварад. Чунин тоифа барои дарёфти холҳои зарурӣ ба омӯзгор бо зорӣ муроҷиат мекунанду пешниҳоди маблағи муайянбаҳри халосӣ аз ҳолати баамаломада мекунанд. Танбали рӯирост бо истифодаи бемасъулиятию баднафсии омӯзгор ба ин намуди муносибат одат мекунаду танбалиаш боз ҳам авҷ мегирад. Падару модари донишҷӯ, ки назорати пайвастаи фаъолияти ҳаётии ӯро надоранд, бо талаби маблағ барои зиндагӣ ба фарзанд маблағро медиҳанд. Донишҷӯи танбал бошад, тадриҷан ба амалҳои зикрёфта одат мекунад ва ҳам дар давраи донишҷӯӣ аз илму дониш бебаҳра мемонаду ва ҳам хислати палиди раҳоёбӣ аз ҳама вазъиятро бо роҳи ришвадиҳӣ пайдо мекунад.

Оқибати ғамангези ҳолати қайдгашта боиси дар ҷомеаи солим зоҳир гаштани фасодкорон, яъне донишҷӯ ва омӯзгор мегардад. Омӯзгори ришвагир бошад, маблағи ришваро барои хӯронидану пӯшонидани фарзандони худ харҷ менамояд. Дар ин ҷараёни манфӣ беихтиёр фарзандони омӯзгор низ ҷалб мешаванд, ки бо “луқмаи ҳарому фасод” – и ришва ба камол мерасанд. Баъдан, худи донишҷӯи танбали одаткардаи фасодкорӣ фарзандони худро низ дар рӯҳияи ҳалли мушкилотҳои ҳаёт бо воситаи маблағ тарбия менамояд. Ин ҷараёни инъикосёфта собит месозад, ки аз амалҳои оддитарини хусусияти коррупсионидошта занҷири бефосилаи узви ҷомеа зарар мебинанд. Осеби ин тоифа ба ҷомеа хеле таъсиррасон буда, баркандани решаҳои он хеле мушкил аст ва вақти тӯлонӣ металабад.

Дар радифи маънии ҷараёни зикрёфта метавон хулоса кард, ки танбаливу фориғболӣ боиси зуҳуроти амалҳои коррупсионӣ гардида ба ҷомеа зарари маънавии пурдавоми носолим мерасонад. Аз ин лиҳоз, мебояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба зидди зуҳуроти амалҳои хусусияти коррупсионидошта муборизаи беамон баранд ва кӯшанд, ки дар насли ҷавон танбалию фориғболӣ бо кӯшишу ғайрат, нерӯи эҷодкорӣ иваз гардад. Дар ин раванд, хосатан мебояд мавқеи зиёиёни кишвар, омӯзгорон назаррасу пешсаф бошад. Бо доштани нафси худ ва маҷбур сохтани донишҷӯ ба донишандӯзӣ ӯро аз танбалӣ ва ҳам шомили амалҳои ноҷоя наҷот бахшанд. Зеро, касби омӯзгорӣ пуршарафтаринва муқаддастарин касб – тарбиятгари ҷомеаи солим буд, ҳаст ва боқӣ мемонад!

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. – дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ