​Тақвияти фаъолияти корҳои тарбиявӣ

Дар толори хурди раёсати донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Набизода Мирзотоҳир ва масъулини шуъбаи тарбия ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони декани факултетҳо оид ба корҳои тарбия иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ҷаласа аз рӯйи рӯзномаи он масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Шӯрои кураторони гурӯҳҳои академӣ, кумитаи волидайн, тақвияти корбарӣ дар самти баланд бардоштани моҳияти чорабиниҳои тарбиявӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин шеваҳои муосир ва муассири ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ муҳокима шуда, оид ба ин мавзуъ андешаву маслиҳатҳои судманд ироа гардиданд.

Инчунин масъалаҳои вобаста ба шароити зисти донишҷӯён дар хобгоҳ ва ба роҳ мондани иқдоми судманди тарбиявӣ муҳокима шуд.

Ба муовинони декан оид ба тарбия супориш дода шуд, ки бо дониишҷӯён ва волидайни онҳо доир ба масъалаҳои муҳиму мубрам вохӯриҳои муфидро бештар ба роҳ монанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ