​Таҳкими робита бо волидайни донишҷӯён

Дар факултети филологияи тоҷик ва факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ вохӯрӣ бо волидайни донишҷӯёни курсҳои якум бо иштироки декани факултетҳо баргузор гардид.

Ҳадафи вохӯрии мазкур шинос намудани волидайн ва донишҷўён бо низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф унвон гардид.

Зимни мулоқот баромадкунандагон перомуни масъалаҳои масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи дастуруламали либосҳои тавсиявӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа ва монанди инҳо ибрози назар намуданд.

Дар идома сарпарастони гурӯҳҳои академӣ доир ба хислату рафтор ва иштирок дар машғулиятҳо ҳамчунин аз худ намудани дарсҳои шогирдони худ ба волидайни онҳо ҳисобот пешниҳод намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои зикршуда, волидайни донишҷӯён ба музокира баромада, ба раёсати Донишгоҳ барои фароҳам овардани шароити хуби таҳсил изҳори сипос намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нақша чорабиниҳои шуъбаи тарбияи чунин вохӯриҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ гузаронида мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ