​Семинари илмӣ: «Интеграли номуайян»

Семинари навбатии магистрантони кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов дар факултети математика доир гардид. Ин иқдом дар доираи ҳафтаи илм роҳандозӣ шуд.

Дар доираи семинар магистрантранти курси якум Қаюмова Саидахон дар мавзуи «Интеграли номуайян» маърӯза намуд.

Ба иштирокчиён мафҳуми функсияи ибтидоӣ, интеграли номуайян, хосиятҳо ва методҳои интегронӣ шарҳ дода шуд.
Ҳадаф аз ташкили семинар баланд бардоштани сатҳи дониши магистрантон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ