​Семинар: Муоширати созанда- кафили фазои солими психологӣ дар дарс

Дар назди кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ семинари илмӣ – назариявӣнавбати бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Мудири кафедра дотсент Мансур Луфов дар мавзуи “Муоширати созанда- кафили фазои солими психологӣ дар дарс” маърӯза намуда, перомуни мавзуъ фикрҳои ҷолибро бо асосҳои илмӣ пешниҳод намуд. Дар индомаи кори семинарсармуаллимаикафедра М. Мухторова оид ба “Ташаккули нутқ ва муоширатдар кӯдакони синни томактабӣ” маърӯза намуд.

Ҳамзамон, муовини декан оид ба илм Раъно Ҳоҷибоева ва мудири кафедраипсихологияи иҷтимоӣ ва касбӣдотсент Камолиддин Ғоибов баромад намуда, доир ба аҳҳамият ва нақши семенар дар омода намудани мутахассисони баландпояи илмӣ ибрози назар намуданд.

Дар ҷараёни кори семинар байни иштирокдорон саволу ҷавоб баргузор шуда, муҳтаво ва зурурати муоширати касбӣ – педагогӣ дар шароити имрӯзаи кори таълиму тарбияи муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии касбӣ муҳокима гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ