Семинар: Методҳои ҳалли муодилаҳои дифференсиалии одии намудаш махсус

Бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов семинари таълимӣ-методӣ бо иштироки устодон ва магистрантон баргузор гардид.

Бустонбек Ҷумаев - номзади илмҳои физикаю математика дар мавзуи «Методҳои ҳалли муодилаҳои дифференсиалии одии намудаш махсус» маръӯза ироа намуд. Мавсуф зимнан баъзе татбиқҳои муодилаҳои дифференсиалии одӣ дар геометрия ва физика, инчунин якчанд мисолҳои намудашон махсусро таҳлил карда, роҳҳои ҳалли онҳоро фаҳмонид.

Баргузории семинарҳои илмӣ-методӣ дар назди кафедра ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалӣ, баланд бардоштани тафаккури илмии устодону донишҷӯён ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муҳим маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ