Саҳми олимони фанҳои дақиқ дар рушди саноатикунонии кишвар

Таҳти унвони “Саҳми олимони фанҳои дақиқ дар рушди саноатикунонии кишвар” дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявииилмӣ-амалӣ доир гардид. Ин иқдом бахшида ба “Бистсолаи омӯзишварушдифанҳоитабиатшиносӣ, дақиқвариёзӣдарсоҳаиилмумаориф” ва 85-солагии устодон РабеҷоновНабиҷон – Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисониҶумҳурииТоҷикистону Руссия ва профессор Латипов Ҷалол роҳандозӣ шуд.

Дар конференсияи мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода, устодону донишҷӯён ва пайвандону наздикони устодон - РабеҷоновНабиҷон ва Латипов Ҷалол иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ профессорУсмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ бахшида, аз хидмат ва саҳми мондагори устодон дар рушди илми тоҷик ва тарбияи кадрҳои баландихтисос таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи илму маориф ва дар ин замина ба дастовардҳои назарррас ноил гардидани он шароити мусоид фароҳам овард. Ба таъбири дигар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳо ва баромадҳояшон ба масоили умдаи рушди илму техника, ки пешрафти хоҷагии халқ ба он вобастагии калон дорад, изҳори андеша намуда, дар ин замина дастуру супоришҳои муҳимеро ироа менамоянд.

“Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” яке аз ин гуна ташаббусҳое мебошад, заминаҳои воқеиро ҷиҳати пешрафти ҳама гуна самтҳои ҳаётан муҳими хаҷагии халқ рӯи кор овард. Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди илмҳои физика изҳори андеша намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки: “Вобаста ба талаботи иқтисоди миллӣ олимони соҳаи физикаро зарур аст, ки фаъолияти илмии худро дар самти коркарди маводи нав ва кристаллҳои сунъӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни техника ва технология, тақвият додани корҳои илмиву технологӣ дар соҳаи физикаи ҳастаӣ ва татбиқи технологияҳои ин соҳа дар иқтисодиёти кишвар, ҳамчунин, нанотехнология ба таври қатъӣ ҷоннок намоянд” – зикр намуд ректори донишгоҳ.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар бораи аҳамияти баргузории конференсияи мазкур ибрози назар намуда, саҳми олимони соҳаи физикаро дар таъмини рушду пешрафти илм муассир унвон намуд.

Дар идомаи кори конференсия як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Мақсудӣ Анвар Темирзода, директори маркази илмии Хуҷандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Полуклассическое описания уравнения движения для ферромагнетиков со спином S =1”, дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ғафуров Миршафеъ перомуни мавзуи “Набиҷон Рабеҷонов аввалин доктори илми кибернетика”, декани факултети физикаю техникаҚаюмзода Абдумалик таҳти унвони “Олимони номвар ва устодони соҳибкасб”маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.

Конференсия дар ҳафт бахш: “Нақши электроникаи муосир дар рушди саноати тоҷикистон, манъбаҳои барқароршавандаи энергияи сабз”, “Муаммоҳои физикаи ҳолатҳои конденсӣ, моделиронии равандҳои физикӣ”, “Физикаи атмосфера ва истифодаи қонунҳои физикӣ дар метрология, нанотехнология ва технологияҳои муосир”, “Истифодаи самараноки технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим”, “Технологияҳои инноватсионӣ ва саҳми фанҳои техникӣ дар рушди саноатикунонии кишвар”, “Таърих ва инкишофи илми физика” ба кори худ идома карда, дар маҷмуъ беш аз 130 маърӯзаҳо шунида шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ