​Садоқати ватандорӣ!

Дар ҳаёти бомарому пурхурӯши ҷомеа мушоҳида мегардад, ки аксарияти фардҳо бо заҳмати ҳалолу ниятҳои нек зиндагонӣ менамоянд ва аҳду амал муродифи якдигаранд. Чунин фардон шукронаи фазои орому осуда, ҷараёни созандагиву бунёдкории кишвар намуда бо тамоми ҳастӣ Ватани маҳбуби худ дӯст медоранду самимона ба он содиқанд. Чунин тоифаи мардум,ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медиҳанд, хоксоранду камсухан ва аз намоишкорӣ хеле дуранд. Вале, ҳангоми зарурат омодаанд, ки барои Ватани худ, ҳифзи марзи буми он, муқаддасоти давлат ҷоннисорӣ кунанд. Мутаассифона, ҷомеа организми мураккабест, ки дар он метавон узвҳои бемору осебдидаро низ дучор омад. Алалхусус, баъзе балозадагон омоси бемориро ниҳон медоранду худро солим вонамуд месозанд.

Тоифаи маҳдуди фардҳо дар ҷомеа гӯё баҳри мансабталошӣ ба олам омадаанду бо тамоми вуҷуди хеш баҳри расидан ба ғаразашон аз ягон ҳилаву найранг рӯ намегардонанд. Бо тамаллуқу тақаллубкорӣ, бофтагӯӣ, ҳилагарӣ, намоишкорӣ, суханпардозӣ ва чунин сифатҳои манфиидигар дар ҷомеа ба худ мансабу мавқеро соҳибӣ менамоянд. Аммо, ин тоифаи маҳдуди нафарон баъд аз фориғ аз вақти корӣ, дар ҳайати оила ё худ гурӯҳи ҳамандешон чун бӯқаламун ранги худ дигар мекунанд. Агарчӣ давоми рӯз бо эҳсосоту кафки даҳон худро ватандори содиқ намоиш диҳанд, айёми фароғат қалби муғризу ангиштсони худро ошкор ва аз зиддиятҳо, аз ҳаёту мароми Ватан ва дигар сухану амалҳои палидона мепардозанд. Чунин нафаронро ватандорӣ танҳо дар забон асту вожаи “садоқатба Ватан” барои онҳо, ҳамчун воситае дар мавриди мансабхоҳиву мансабталошӣ мебошаду халос. Афсӯс, ки барои муайян кардани ботини фард дастгоҳе ихтироъ нашудааст. Вагарна, ҳазорон сиёҳфикрону каҷдилон ва тамаллуқкори мансабдор аллакай ошкор ва ҷомеа аз онҳо пок мегардид. Месазад, ки ин нафарони палидро аз киштзори ҷомеа пайдо намуду чун алафи бегонаи зараррасон маҳв сохт, то он, ки ба ҷомеа осебе расонида натавонанд.

Иддае аз узви ҷомеа бошад, бо сабаби бефаҳму фаросатӣ, бемаърифатӣ нисбати рӯйдодҳову ҷараёнҳои мухталифи ҷомеа умуман бефарқанд. Аз ин тоифа, на ҳарфу амалимаҳкуми ягон ҳаводис, на таърифи онро дидан мумкин аст. Чунин афрод гӯё машғули пешбурди рӯзғори худ ба касе кордор нестанду зараре ҳам гӯё намерасонанд, лек барои ҷомеа нафъе намеоваранд!? Охир, ин нафарон аз неъматҳои офаридаи содиқони Ватан фаровон истифода мебаранду ба ҷомеа чизи мусбатеро барнамегардонанд! Ин тавр, ки бошад, мислихасе ҳастанд, ки таҳдиде ба биноӣ асту мебояд онро сӯзонид.

Дар радифи андешаҳои баёнгардида бо майли том аз ҳамаи шаҳрвандони Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлоли биҳиштосо хоҳиш менамоям, ки мавқеи фаъоли муҳофизи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва солимии ҷомеа бошанд. Кӯшанд, ки ҷомеааз тамаллуқкорону бефарқон покиза гардаду садоқати самимона ба Ватан аз қалби ҳар як тоҷикистонӣ баланд садо диҳад!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ