​Роғун- майдони набард ва арсаи нангу номуси миллӣ

Таҳти чунин унвон бо ибтикори кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо иштирои устодону донишҷӯён хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Муаллими кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабӣ У.Юсупова дар мавзуи “Роғун ояндаи дурахшони миллати тоҷик” маърӯза намуда, бо иқтибос аз суханони Пешвои миллат таъкид дошт, ки «Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!»

Қайд гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо бунёди ин ин иншооти бузурги аср мушкилоти нарасидани барқр барои аҳолии мамлакат ва минтақа ҳалли худро меёбад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бунёди «Роғун» барои ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикии мамлакат такони нав бахшида, Тоҷикистонро давлати неруманду пешрафта мегардонад.

Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ панду андарз, гуфторҳо ва суруди гурӯҳи перомуни мавзуи баррасигардида қироат гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ