​Пешвои миллат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва динӣ

(Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва хадамоти дини кишвар, шаҳри Душанбе, 9-уми марти соли 2024)

Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид аз лиҳози аҳамият, мазмуну муҳтаво, таҳлил, вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳо пас аз Паёми имсолаи Роҳбари давлат, ки санаи 28.12.2023 бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буд, барномаи хеле муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Агар дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ баррасӣ ва тарҳрезӣ гашта бошад, муроҷиат ва суханронии навбатии Пешвои миллат бештар ҷанбаи ғоявӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, тарбиявӣ ва дигар масоили мубрами ҷомеаи имрӯзаро дар бар гирифта буд.

Пешвои миллат таъкид бар он намуданд, ки равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоҳои диниву мазҳабӣ, домон паҳн кардани ифротгароии динӣ, сиёсати духӯрои абаркудратҳо нисбат ба терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро тақозо менамояд, ки ин масъалаҳо мавриди таҳлил, натиҷагирӣ ва роҳи ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳои дар самти мазкур ҷой дошта баррасӣ ва вазифаҳо муайян ва мушаххас гарданд. Ба шарофати истиқлоли миллӣ мардуми Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, аз ҷумла эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Истиқлолият барои эҳёи расму суннатҳои миллӣ, маросимҳои динӣ аз ҷумла ҷашнҳои миллӣ ҷашнҳои Навӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада, идҳои Рамазон ва Қурбон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Дар суханронии худ Сарвари давлат бар он ишора намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашни шахсиятҳои машҳури ҷаҳони ислом аз ҷумла Имоми Аъзам, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони маъруф таҷлил гардида, Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва се маротиба нашр шуда, тафсирҳои мутабартарин ва осори донишмандони бузурги ислом дастраси мардум шуданд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, имон ва пайравӣ ба дину мазҳаб тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ин арзишҳои олӣ зери ҳимояи Конститутсия ва давлат қарор доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба пайравони дини ислом, ки аксарияти аҳолии ҷумҳуриро ташкил мекунанд ва инчунин пайравони дину мазҳабҳои дигар назари нек дошта, барои рушди дини мубини ислом ва арзишҳои ахлоқии он шароити созгорро муҳайё сохтааст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди муносибати неку хайрхоҳонаи давлат нисбат ба ҳамаи пайравони дину мазҳабҳо ва пуштибонӣ аз онҳо дар ҷомеаи мо солҳои охир баъзе падидаҳои хатарафзо нигароникунанда, густариши таъсубу хурофот, тафриқаандозӣ ва ифротгароии динӣ, риоя нашудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба назар мерасанд. Дар суханронии Пешвои миллат як падидаи хатарафзо - ба сиёсат гаравидани дин ва ба дин гаравидани сиёсат мушоҳида мешавад, ки сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ ва хатарнок буда, дар таълимоти аслии ислом вуҷуд надорад, зеро мағзу моҳияти ислом ақлу дониш омӯхтан, тарбия, имону эътиқод, яктопарастӣ мебошад. Зимни суханронии худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа тақозо менамояд, ки талаботи қонунҳои давлати дунявӣ риоя шуда, ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намоед. Ҷанбаҳои созанда муттаҳидкунандаи дини мубини исломро таблиғ намуда, пеши роҳи ҳама гуна тафриқаандозӣ, ифродгароиро қатъиян гирем. Президенти кишвар дар ин хусус ошкоро таъкид намуданд, ки “Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунин бетарафӣ ҳам барои давлат, ҳам барои миллат бо чи гуна ҳодисаву фоҷеаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон медонанд”. Яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз истифодаи ғаразноки эҳсосоти динии мардум ва бетарафиву бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд. Дар суханронии Президент доир ба ҳолатҳои ғайриқонунии машғул шудан ба таълимоти ғайриқлнунии динӣ, даст задан ба амалҳои авомфиребӣ, фолбинӣ, ҷодугарӣ, табобат бо дуову тӯмор ва дигар кирдорҳои ношоиста аз ҷониби баъзе муллоҳо ва ходимони дин мисолҳои мушаххас оварда, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Пешвои миллат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки пеши роҳи чунин амалҳои носавоб ва ношоиста гирифта шавад. Ба тамоми сохторҳоимақомоти давлатӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дастуру супориш дода шуд, ки барои пешгирӣ намудани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, қонуншиканӣ амалҳои аз одобу ахлоқи ҳамида берун, чораву тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Хусусан Пешвои миллат таваҷҷуҳи тамоми сохторҳои марбута, масъулин, омӯзгорон ва волидайнро ба риояи қатъии қонунҳо ва санадҳои зерқонунии Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Стратегияи муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб намуданд.

Бо дарназардошти масъулияти бузурги падару модар дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд” тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, бо таҳрири нави ҷавобгӯй ба талаботи замон қабул карда шаванд. Яке аз ҳадафҳои асосии иқдоми Пешвои миллат дар хусуси эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Паёми имсола, маҳз таҳким бахшидан ба сатҳу сифати донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои кишвар ва иҷрои уҳдадориҳо ва дар ин замина пегирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани савияи дониш ва маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Пешвои миллат дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ходимони дин ва фаъолон муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки вазифаи инсонии мо бояд ғамхорӣ ва дастгирии пиронсолон, беморон, маъюбон, ятимон ва дигар шахсони камбизоат ва муҳтоҷи дастгирибуда мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ пешгирии фарҳанги бегона, бегонапарастӣ дар сару либос, рафтору кирдор мебошад ва дар ин маврид зимнан таъкид гардид, ки ислом либос наовардааст, либоси хос надорад, балки ҳамаи қавму миллатҳо либоси миллии худро ба шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанд. Намояндаи ҳар як миллатро бо забон, фарҳанг, суннат, одобу ахлоқ ва шаклу услуби либоспӯшиаш мешиносанд. Аз ин рӯ ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ мо пеши роҳи воридшавии либосҳои ба ном динӣ, урфу одат ва фарҳанги бегонаро пешгирӣ намоем. Тақлид, хурофот, бегонапарастиро қатъиян маҳкум намоем.

Пешвои миллат ба ҷавонон - созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки аз тоҷик будани худ ифтихор намоянд, зеро ниёгони мо – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми бузург гузоштаанд, роҳи аҳли башарро ба сӯи таҳаммул, ҳамзистӣ, ҳамбастагӣ, дӯстиву бародарӣ равшан сохтаанд.

Ба итминони комил метавон гуфт, ки суханронии Пешвои миллат бо фарогирии масъалаҳои муҳим як барномаи хеле фаррох, пурмӯҳтаво барои муайян намудани роҳи ҷомеа ба фардои дурахшон, ҳуҷҷати калидӣ дар самти муайян намудани ғоя, андешаи миллӣ, мафкураи миллӣ ва давлатӣ маҳсуб ёфта, роҳи ҷомеаи моро дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, таъмини амният, оромӣ, суботи ҷомеа, ҳифзи манфатҳои миллӣ, эъмори давлати демокративу дунявӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ равшан менамояд.

Иброҳим Ҷабборзода, Шавкат Шарифов номзадҳои илмҳои таърих, дотсентони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ