Пешвои миллат – посдори асили забони тоҷикӣ

Таҳти чунин бахшида ба гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ бо ташаббуси кафедраи назария ва методикаи тарбияи томактабии факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ мизи гирд ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинӣ Дилором Солибоева узви иттифоқи нависандагон, шоира Фарзонаи Зарафшонӣ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Декани факултет муқаддас Шарифиён ба кори мизи мудаввар ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар халқу миллат ба шумор меравад.

Сипас, Дилором Солибоева дар мавзуи “Забони модарӣ маънии ҳастии мост” маърӯза намуд. Зикр шуд, ки вазифаи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ мебошад. Зеро забони модарӣ ки нишон аз ҳастии ҳар як халқу милат аст.

Гулноза Бобоҷонова донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 204 дар мавзуи “Мақоми шиносои бо адабиёти бадеӣ дар ташаккули нутқи равонии кудакони синни тамактабӣ” маъруза ироа намуд.

Дар қисми фарҳангии маҳфил аз ҷониби донишҷӯён шеъру гуфтор, суруди гурӯҳӣ сароида шуда, саҳначаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ