​Пешвои миллат - ҳомии забони миллӣ

Таҳти ин унвон дар факултети иқтисодӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён хониши сиёси ташкил ва баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ таъкид рафт, ки забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Забон пояи давлатдорӣ вашиносномаву бақои ҳар як халқу миллат маънидод гардид. Зикр шуд, ки маҳз забони тоҷикӣ аз ҳастии миллати тоҷик дарак медиҳад, ки имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми забони давлатӣ эътироф гардидааст.

Ҳамчунин баромадкунандагон доир ба таърих ва марҳилаҳои рушди забони тоҷикӣ ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ