​Пешвои миллат ифтихори миллат!

Дар байни беш аз 210 мамлакатҳои олам, ки шомили Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд, Ҷумҳурии Тоҷикистони кӯчак бо аҳолии беш аз 10 миллионнафара ва иқтисодиёти рӯ ба тараққӣ ниҳода мақому манзалати хосаро ишғол менамояд, ки бевосита ба шахсияти сиёсатмадори сатҳи башарӣ, абармарди соҳибхираду соҳибқудрат, дурандешу дурбин, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст.Маҳз, ташаббусу пешниҳодҳои оқилонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо буд, ки 9 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамовозии сарони аксарияти давлатҳо маъқул дониста шудааст.

Дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид маротибаи дуюм Конференсияи сатҳи баланд оид ба об гузаронида шуда истодааст, ки Тоҷикистони азизамон якҷоя бо подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба дӯш дорад. Суханрониву раисии ин маъракаи бонуфуз бо каломи тозаи тоҷикӣ, салобату тамкини шарқиёнаи Пешвои муаззам ва пешниҳодҳои нав ба нави ин абармарди таърихӣ ба ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ фараҳу илҳоми тоза мебахшад. Бо эҳтироми хоса қабул намудани дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, пешниҳоди баромадҳо дарнавбати аввал, тадбирҳои дигари доираи ин Конференсия бо ҳарфҳои заррин дар таърихи миллату давлат сабт хоҳад шуд.

Падидаи муфиди дигар, ки эҳёи анъанаҳои эътирофи ҷаҳониёнгаштаи миллӣ -таҷлили ҷашни Наврӯзӣ хуҷастапай мебошад, хеле бошукӯҳу шаҳомати хосаи сарони давлатҳои олам хеле хотирмон баргузор гардид. Шиносоии мардуми ҷаҳон бо файзу баракоти Наврӯзӣ - тантанаи тамаддунофаривуфарҳангсолории миллати қадимаи тоҷикро инъикос намуд ва бори дигар аз ҷониби оламиён эътироф ва пазируфта шуд.

Истеъдоду маҳорати волои ҷалби мардум ба созандагиву ободкорӣ, ки хислатҳои худодои Пешвои муаззаму маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, дар ҳидоятҳои он кас ба сарони давлатҳои дигар, ҳатто абарқудрат ҷиҳати муносибати ғамхорона ва дурандешона ба захираҳои оби ошомиданӣ инъикос ёфта аз ҷониби ҳамаи оламиён бо хушнудӣ қабул гарид. Зеро, Тоҷикистони таъмин аз оби тозаи ошомиданӣ аз манфиати аҳли башар ҳушдор дода истодааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки тамоми оламиён бори дигарба қадима будани миллати тоҷик иқрору қоил шуданд.

Ҳамаи ҳамватанамонро бо баргузории конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва тадбирҳои дигар дар доираи он, ҳатто таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи аҷам муборакбод намуда, умедворам, кидар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазонҳамагон дасти дуо мебардоранду тансиҳатию файзу иқболи нав комёбиву муваффақиятҳои нав ба навро ба Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даргоҳи Офаридгори муттаолталабгор мешаванд.

Пешвои миллат ифтихори воқеии ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси Ватан - Тоҷикистони соҳибистиқлолҳастанду ҳамагон кӯшиш намоем, ки арзандаи ин абармарди таърихӣ бошем.

Собиров М. С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Абдухолиқзода М.Д. - дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ