​Паём ‐ ифодагари ормонҳои сокинони кишвар

Таҳти чунин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар он устодони факултет ва донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 5-уми шуъбаи фосилавӣ иштирок намуданд.

Дар оғоғи кори семинар декани факултет, дотсент Муқаддас Шарифиён дар мавзуи “Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи иҷтимоиёт ва фарҳанг” маъруза ироа намуд. Мавсуф афзуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат низ аз масъалаҳои мубрам, таҳлили амиқ ва пешниҳодоти созанда бар нафъи миллату давлат таркиб ёфта, мутмаинем, ки тањрикбахши рушди беш аз пеши мамлакат хоҳад гардид. Таъкид рафт, ки барои мо омӯзгорону устодон сармояи ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва боло бурдани дастоварду нишондодҳои он бо мақсади расидан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Имсол низ Пешвои миллат бо камоли ихлосу иродат ва ғамхории пайваста нисбати соҳаи илму маориф изҳор доштанд, ки “Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”.

Дар идома мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, дотсент Камолиддин Ғоибов дар мавзуи “Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф” маъруза ироа намуд. Номбурда қайд намуд, ки Пешвои миллат дар заминаи шарҳу тавзеҳи муҳимтарин барномаҳои давлатии марбут ба дастгирии низоми маорифи Тоҷикистон, ки ба афзудани бунёди мактабҳои замонавӣ дар тамоми кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои кормандони соҳа ва зиёд шудани ҳаҷми маблағгузорӣ марбутанд, дар назди роҳбарияти муассисаҳои соза маориф новобаста аз зинаҳои таҳсилот ва шакли моликият барои боло бурдани сатҳу сифати таълим вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар интиҳо зикр шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат сарчашмаи муҳими шуруъи марҳилаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳии миллии ба шумор меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ