​Озмун дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия-омили пешрафти ҷомеа”

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 9 декабр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсиямиёни донишҷӯёни донишгоҳ озмун дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия-омили пешрафти ҷомеа” аз рӯи се номинатсия

  • мақолаи беҳтарин;
  • ролики беҳтарин;
  • акси беҳатрин;
  • флешмоби беҳтарин эълон менамояд.

1. Қабули мақолаҳо барои пешниҳод дар озмун тавассути суроғаи электронии email: salomat_66@mail.ru то санаи 30-уми ноябри соли 2022, соати 17:00 сурат мегирад.

2. Ҳаҷми мақола на камтар аз 10 саҳифа бо ҳуруфи Times New Roman Tj, формати А4, ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 сатр бояд бошад.

3. Ҳаҷми видеороликҳо то 1 дақиқа бояд бошад. Флешмобҳо, буклетҳо, роликҳо ба садорати факултетҳо пешниҳод гардида, тариқи дастаҷамъона ба Раёсати донишгоҳ утоқи 216 қабул карда мешаванд.

4. Дар озмун донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PHD иштирок карда метавонанд.

5. Ғолибони озмун аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

6. Телефон барои тамос 927771073

Эзоҳ: маводҳои пешниҳодгардида дар шакли хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ