​Озмун: беҳтаринҳо бо мукофоти пулӣ қадр хоҳанд шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври факултетии озмун вобаста ба омӯзиши мақолаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" идома дорад.

Феълан дар тамоми факултетҳои донишгоҳ ҳайати ҳакамон корбарӣ намуда, ҷиҳати муайян намудани фаъолон ба даври донишгоҳии озмун фаъолият доранд.

Бино ба иттилоъи Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ даври донишгоҳии озмуни мазкур санаи 19 декабр доир гардида, дар он донишҷуёну магистрантон ва докторантону омӯзгорони ҷавони донишгоҳ имкони иштирок доранд.

Хотиррасон менамоем, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҷиҳати таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон дар самти омӯзиши самараноки мақолаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо аз рӯйи чор номина:

- Беҳтарин маводи чопӣ ё электронӣ

- Беҳтарин лавҳаи наворӣ (видеоролик)

- Беҳтарин донандаи муҳтаво ва моҳияти мақолаи Абдуллоҳи Раҳнамо озмун ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, ки ғолибони ҷойи якум бо 4 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм бо 2,5 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 1,5 ҳазор сомонӣ қадр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ