​Оқибати фасодкорӣ касофат!

Дар ҷомеаи башарӣ, ки алҳол ба дараҷаи баланди рушди илмию техника, технологияҳои иттилоотӣ расидааст метавон ҷараёну ҳодисаҳоеро мушоҳида кард, ки марбут ба пасткашию баднафсӣ, харомхӯрӣ ва амсоли онҳо буда, дараҷаи пасти фитрати баъзе фардҳоро инъикос менамояд. Идора карда натавонистани нафси худ, суистеъмолӣ аз мансабу вазифаҳои давлатӣ боиси ришваситонӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматии бевосита ва амалҳоемегардад, ки ҳолати маҳкумшавандаиҷомеа бояд қарор гирад. Вале, дар замони муосир ченаки қадру манзалати инсон каме тағйир ёфтаву арзишҳои инсонӣ аз қабили ақлу дониш, хираду маърифат ва накӯкорӣ бо пулпарастӣ, мансабталошӣ, хонаҳои барҳаво, мошинҳои гароннарх ва тоифаи онҳо иваз гаштааст.

Мутаассифона, насли ҷавони имрӯза дар дарки фарқияти накӯкориву пулпарастӣ душворӣ мекашанд, ки худ зарбаест ба ояндаи давлату миллат. Зеро, нафаре, ки наметавонад дар сари чорроҳаи зиндагӣ кадом роҳро интихоб намояд, ки пурсаодат бошад, хеле дар мушкилист ва эҳтимолан гумроҳ шавад. Бинобар ин, ҷомеа вазифадор аст, ки ба насли ҷавон роҳи росткориву саодатовари зиндагиро роҳнамо бошад ва ҳамеша кӯшад, ки дар ҷомеа фазои ҳалолкорӣ ҳукмрон бошаду ришваситонӣ, ҳамчун падидаи номатлуб аз байн равад.

Омӯзиши маъҳазҳои таърихӣ, адабиётҳои фолклорӣ ва даҳонии халқ исбот менамоянд, ки моилият ба тамаҷӯӣ, ришваситонӣ, фасодкорӣ дар дараҷа ва шаклҳои гуногун аз давраҳои қадим зоҳир гашта будааст ва ҳоло идома дорад. Эътимоди комил мавҷуд аст, ки пешгирию бартарафсозии фасодкорӣ дар ҷомеа вобаста ба сатҳи иқтисод, маърифати ҳуқуқии фардҳо, тарбияи баланди кадрҳо ва садҳо омилҳои дигар мебошад. Чунки, нафари бохабар аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ метавонад мавқею дархости худро тибқи меъёрҳои қонун талаб намояд ва ҳам муваффақи талаботҳояш бошад. Расидан ба чунин дараҷаи маърифат ва тарбияи ҳуқуқӣ бошад ба заминаи иқтисодӣ такя менамояд, яъне мансабдор ё хизматчии давлатӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш бояд маошедошта бошад, ки талаботи ҳаётии ӯро ба дараҷаи миёна таъмин намояд.

Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон, ҳатто Ҷумҳурии Халқии Чин, Кореяи Шимолӣ, давлатҳои нимҷазираи Арабистон ва ғайра, ки бо қотеияти қонун, ҷазои сахт зидди фасодкорон машҳуранд, ҳанӯз ҳам амалҳои коррупсионии ришваситонӣ, азхуднамоии маблағҳои буҷавӣ бо роҳи қаллобӣ ва ғайра ба чашм мерасанд. Дар натиҷаи омӯзишҳо ба хулоса омадаанд, ки раҳоӣ аз фасодкорӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ, ҷараёни собиқадори дарозмӯҳлат аст, ки мебояд мубориза ва истодагарӣ, муқовимати шадиди тамоми қишрҳои ҷомеаро дар бар гирад. Мусаллам аст, ки танҳо муқовимати дастаҷамъонаи ҷомеа барои раҳоӣ аз падидаҳои номатлуби фасодкориву амалҳои дигари коррупсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Абдухолиқзода М.А. – дотсент, декани факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ