Ободкорӣ тақвият меёбад

Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳашари ободонӣ гузарониданд. Ин ташаббус ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтан аз Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳашари ободонӣ кӯчаву хиёбон ва атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ, кўчаҳои асосии маркази вилоят аз партов тоза карда шуданд.

Интизор меравад, ки ин ташаббус минбаъд низ мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ