​Нӯъмон Неъматов – муаррих ва бостоншиноси номии кишвар

Санаи 22-юми апрели соли равон дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 95-солагии академик Нӯъмон Неъматов конференси вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нӯъмон Неъматов – муаррих ва бостоншиноси номии кишвар” бо иштироки васеи олимони соҳа баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани номи фарзандони фарзонаи миллат дар меҳвари сиёсати маънавибунёд ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мақсади он тарбияи насли наврас дар ҷодаи истиқрору худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ба шумор меравад.


Роҳбари донишгоҳ дар идомаи суханрониаш афзуд, ки номи академик Нӯъмон Неъматов, поягузори мактаби илмии бостоншиносии тоҷик, кашшофи як зумра ёдгориҳои нодири таърих ва фарҳанги бостонии тоҷикон дар тамоми ҷумҳурӣ, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он маълуму машҳур аст. Академик Нӯъмон Неъматов дастпарвари Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи Сергей Миронович Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) буда, аз ҳамин даргоҳи илму ирфон ва маърифат парвоз намуд ва қуллаҳои баланди илмро фатҳ намуда, дар таҳқиқу омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикон саҳми шоиста гузошт.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, профессор Тоҷибой Султонӣ номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонд.


Сипас, Набиҷон Раҳимов доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археология дар мавзуи “Саҳми академик Нӯъмон Неъматов дар ташаккулёбии мактаби илми бостоншиносии тоҷик” маъруза намуда, изҳор дошт, ки академик Нӯъмон Неъматов бо кашфиётҳои нодири аҳамияти ҷаҳонӣ дошта - кашфи тамаддуни Истаравшани бостонӣ, ҳафриёти пойтахти он Бунҷикат, ҳафриёти Хуҷанди бостон ва муайян намудани макони шаҳри Искандария-Эсхата номи худро дар саҳифаҳои илми бостоншиносӣ абадӣ сабт намуд. Ҳамчунин, дотсент Шавкат Шарипов таҳти унвони “Академик Нўъмон Неъматов – сарвари Маркази илмӣ-тадқиқотии ЮНЕСКО-и назди “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маърӯза намуд. Мавсуф қайд намуд, ки академик Нӯъмон Неъматов муаллифи қариб 800 рисолаву татқиқотҳои бунёдӣ, мақолаҳои илмӣ, китобҳои илмӣ-оммавӣ буда, ӯ яке аз муаллифони асари се ҷилдаи (панҷ китоб) нашри солҳои 60-ум ва нашри нави шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ба ҳисоб меравад.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб хидматҳои арзандаи анҷомдодаи Нӯъмон Неъматовро дар илми бостоншиносии кишвар беназир унвон намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ