Нақши Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти глобалии обшавии пиряхҳо

Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Мушоҳида мешавад, ки дар даҳсолаи охир инсониятро проблемаҳои тағйирёбии иқлим, зиёдшавии офатҳои табиӣ, тармафароӣ, хуруҷи ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, норасоии об, зиёдшавии аҳолӣ, обшавии пиряхҳо ва ғайра “таҳдид” намуда истодааст. Махсусан, фалокати санаи 28 июли соли 2021 ҳукумати мамлакат ва сокинонро ба ташвиш овард, ки “ҳангоми обшавии пиряхҳои мавзеи Арчакапаи деҳаи Сугати ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сатҳи оби дарëи Сурхоб зиëд гардида, як қисмати роҳи калони мошингарди Ваҳдат-Лахш-Қарамиқро вайрон намудааст, ки дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиëтӣ қатъ гардидааст. (https://www.vkd.tj/.../32012-obshavii-piryakh-oi-ku-ansol).

Қатъномаи таърихие, ки 153 кишвари узви СММ пазируфт, аз ҷониби асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ баланд садо дода шуд. 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” қабул гардид, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистониён мебошад. Дар назар аст, ки соли 2025 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид ва ҳар сол дар саросари ҷаҳон санаи 21-уми март – «Рӯзи байнамилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад.

Бояд зикр кард, ки масъалаҳои мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. 3 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд дар бораи масъалаҳои об ва иқлим, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда буданд. Пешвои миллат вобаста ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид дошта буданд, ки чунин вазъияти нигаронкунанда дар пиряхҳои Помири Тоҷикистон низ тӯли чанд соли охир баръало мушоҳида мешаванд. Ҳамчунин, масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон буда, 31-уми август — 4-уми сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим дар шаҳри Женева ва 7-ум — 8-уми декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген пешниҳод гардид.

Қатъномаи охирони қабулгардида, ки муҳимияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ нишон медиҳад, аз мутахассисон таҳқиқоти бештарро талаб мекунад. Зеро таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон, мушкилоти энергетика ва рушди устувор пайваст аст. Омӯзиш ва таҳқиқу назорати пиряхҳо ҳамеша кори душвор буд ва хароҷоти зиёди меҳнат ва моддиро талаб мекард (Каталог ледников СССР. – 1979 -82 с.).

Маҳз ташаббуси Пешвои миллат талаб менамояд, ки мутахассисон бештар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Имрӯзҳо масъалаи обшавии пиряхҳо дар мадди назари гидрологҳо қарор дорад, ки хеле нигароникунанда аст ва Александр Пиров, муҳандиси Маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул аст, мегӯяд, пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд. Аммо дар ин маврид бонги хатар задан лозим нест. “Пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди муқаррарии табиӣ мебошад. Онҳо пеш аз мо ҳам об мешуданд ва баъд аз мо ҳам об хоҳанд шуд, баъзан баръакс – бештар захира мешаванд. Ин ҳолат дар тӯли асрҳо рӯй медиҳад. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст – иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Танҳо бояд пиряхҳоро назора кард. Таърих аллакай шоҳиди яхбандии глобалӣ шудааст, вақте нисфи Аврупо зери ях буд, аммо баъдан ин пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ карданд”. (https://cabar.asia/.../charo-piryah-oi-to-ikiston-ob...).

Аз ин рӯ, қабули қатънома хеле бамаврид ва саривақтист, зеро маҳз дар ҳошияи қарори мазкур умед дорем, чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Зеро маҳз пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ ба ҳисоб рафта, онҳо дар ҳаҷми кофӣ ба водиҳо об медиҳанд. Чаро доимо обро манбаи ҳаёт ном мебарем, зеро маҳз аз об инсон ташнагиашро мешиканаду Замин рушду нумӯъ мекунад. Агар сатҳи об дар дарёву уқёнусҳо паст шавад, бешак ба иқтисодиёти давлат ва зиндагии сокинони кишвар таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, захираҳои об нақши муҳим доранд, ки мутаассифона имрӯзҳо зери таъсири шадиди тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд.

Ба андешаи Сарвари давлат барои расидан ба ҳадафҳои мазкур бе ҳамкорӣ ва шарикии лозима ғайриимкон аст ва дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим (03.03.2021), иштирок намуда, таъкид кардан, ки: “Аз назари мо, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъйю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконоти хуб фароҳам месозад”.

Асосан дарёҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаҳои бузурги обҷамъкунӣ - Аму, Зарафшон ва Сир тақсим мешаванд. Ҳавзаи аз ҳама калонтари обҷамъкунӣ ҳавзаи дарёи Аму ба ҳисоб меравад, ки се ҳавзаи дигар: Вахш, Панҷ ва Кофарниҳонро муттаҳид сохтааст. (Талмаза В.Ф., Крошкин А.Н. Гидроморфометрические характеристики горных рек. - Фрунзе: Кыргызстан, 1968. -204с.).

Аз захираҳои обии Тоҷикистон на танҳо, сокинони дохилӣ, балки кишварҳои ҳамсоя низ баҳраманд мегарданд, аз ин рӯ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирёбии иқлим нигаронӣ намуда, меафзоянд: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад».

Маврид ба ёдоварист, ки дар замони муосир тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба муҳити зист ва фаъолияти инсон ва табиат ба дараҷае таъсир расонидааст, ки ин устувории биосфераро зери таъсири ҷиддӣ қарор додааст, маҳз ҳамин бо суръат бахшидани тағйирёбии иқлим оварда расонидааст. Дар натиҷаи тадқиқот ва равандҳои илмӣ, муҳаққиқон ва коршиносони соҳа гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро дар босуръат зиёд шудани аҳолӣ, аз байн рафтани захираҳои барқароршавандаи табиӣ, ихроҷи газҳои гулханӣ, нобудсозии ҷангалзорҳо (буридани дарахтҳо) ва ифлосшавии муҳити атроф аз партовҳои гуногун медонанд. (Ҷурабеков Т.М. Тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои он ба обшавии пиряхҳо ва хатари онҳо ба ҷомеа. /Т.М.Ҷурабеков //Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ (22-23 апрели соли 2022), Қисми 1. - С. 35).

Пиряхҳо дар асоси як зумра омилҳо ташаккул меёбанд, яке аз воситаи ташаккули онҳо иқлим ба шумор меравад. Пиряхҳо аслан сарчашмаи об, нигаҳдорандаи тавозуни гидрологӣ ва дарёҳо маҳсуб меёбанд. Мувофиқи таҳқиқоти олимон қисмати зиёди пиряхҳои обтавлидкунандаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, ки шумораи онҳо тақрибан ба 13000 мерасад. Масъалаи нигоҳдории пиряхҳои хурду бузурге, ки оби тозаи нӯшокиро таъмин мекунанд, на танҳо ба тоҷикистониён, балки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон низ дахл дорад.

Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1 км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. (https://www.mewr.tj/?page_id=390&lang=tj).

Яке аз пиряхҳое, ки дар Тоҷикистон калонтарин эътироф шудааст ва дар қаторкӯҳҳои Помир ҷойгир аст, Федченко мебошад. Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи водигию кӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби “Рекордҳои замин” дохил шудааст. Дарози ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км2, ғафсиаш 700 - 1000 метр буда, паҳниаш то ба 3 - 5 км мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 км3 баробар буда, дар он қариб 100 километри мукааб об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шоха (шохоб) дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти Географӣ ва ғайра буда, дар баландии аз 2900 то 7480 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. (Раҳимӣ Ф., Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ. Об, илм ва рушди устувор. Душанбе: Дониш, 2018. – 138 с.)

Пиряхи мазкурро соли 1876 сайёҳи рус В.Ф. Ошанин кашф намуда, онро ба хотири дӯсташ А. П. Федченко, яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Миёна номгузорӣ намуда буд. Масоҳати Федченко дар бисёр сарчашмаҳо гуногун омадааст, чун дар фаслҳои гуногуни сол метавон тағйирот мушоҳида кард. Мутаассифона мувофиқи ақидаи муҳаққиқон пиряхи мазкур дар 10 соли охир беш аз 1 км кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 м паст фаромадааст. Ба ақидаи олимон, хабари ноумедкунанда ин аст, ки пирях ҳамасола дар ҳоли майда шудан аст ва ин раванд аз меъёри муқаррарӣ бештар сурат мегирад. Ин вазъият хеле нигароникунанда буда, маҳз бо ҳамрайъӣ ва якдилии олимони ҷаҳон метавон, нисбати таназзулшавиаш чораҳои мувофиқ андешид. Ҳамчунин дигар пиряхҳои калоне, ки баъди Федченко мавриди назари олимон қарор гирифтааст, Грумм-Гржимайло бо масоҳати тақрибан 143 км2, Гармо ­114,6 км2, Виктовского­50,2 км2, Академияи илмҳо­ 48 км2, Наливкин­ 45,2 км2, Бивачий 37 км2 ва ғайра мебошад. Вобаста ба баҳодод ва муайян кардани масоҳати пиряхҳо андешаҳо гуногун ҳастанд. Баъзе муҳаққиқон тавассути аксҳои моҳвораӣ муайян муайян мекунанд, вале пиряхшиноси маъруф Котляков В.М. ин усулро зери шубҳа мегузорад: “муайян кардани масоҳати пиряхҳо аз бисёр ҷиҳат ба таҷрибаи касбии мутахассис вобаста аст. Натиҷаҳои муайян кардани майдони пиряхҳо аз тасвирҳои моҳвораӣ чандон эътимоднок нестанд. Вобаста ба мавқеи минтақа дар системаи кӯҳҳо, тарзи ҷойгиршавии макронишеби қаторкӯҳҳо, баландии мутлақи ҷойгиршавӣ ва худи пиряхҳо суръати таназзули онҳо дар дохили як системаи пиряхҳо хеле фарқ карда метавонад”.

Ҳамин тавр, ташаббуси президенти мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми умедбахшест, ки мушкилоти ҳифзи пиряхҳоро то дараҷаи зарурӣ бартараф хоҳад намуд. Боварӣ дорем, ки дар заминаи пешниҳодҳои дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои хориҷӣ мустаҳкам мегардад ва манфиатҳои миллиамон дар тамоми арсаҳо ҳифз мешаванд. Ин самти хеле мушкилест, ки аз олимон таҳаммулпазириро талаб мекунад, мо умед бар он дорем, ки дар ин самт корҳои зиёде анҷом хоҳанд ёфт ва мушкилотҳои хулосакардашуда, дар натиҷаи маблағгузорӣ ва ҳамкорӣ бартараф хоҳад шуд.

Чӣ қадаре, ки табиат аз хатарҳо муҳофизат шавад, ҳамон андоза ҳаёт дар рӯйи Замин тӯлонӣ давом мекунад. Моро мебояд захираҳои табииро оқилона истифода бурда, ба ҳифзи муҳити зистро масъулият зоҳир намоем. Муносибати сарди инсонҳо нисбат ба табиат моро ҳушдор медиҳад, ки ҳар чӣ бештар дар масъалаи баланд бардоштани маърифати экологӣ талош намоем. Гарчанде ман мутахассиси соҳаи гидро­экологӣ нестам, вале ҳамчун рӯзноманигор ва олими ҷавон ба масъалаҳои ҳифзи табиат, ҳуқуқҳои инсон ва раванди демократикунонии ҷомеа бетараф нестам. Яке аз муҳаққиқони журналистикаи экологӣ дар Тоҷикистон дотсент Ҷамолиддин Яқубов дар ин маврид зикр намудааст: «Журналистикаи экологӣ падидаи ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад, аз ин хотир, ҳуқуқи дастрасӣ доштани шаҳрвандон ба ахбори экологӣ бисёр муҳим мебошад». (Яқубов, Ҷ. Журналистикаи экологӣ (Воситаи таълимӣ) / Ҷ. Яқубов. – Душанбе, 2012. – 168 с.)

Ҳамчунин, дар «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди тарбия, маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ возеҳ нишон дода шудааст ва таъкид гардидааст: «Вазифаҳои асосие, ки воситаҳои ахбори омма дар низоми маърифат ва тарбияи экологӣ анҷом медиҳанд, ташаккули афкори ҷомеа ва мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, тарбияи фарҳанги экологӣ ва пешниҳоди маълумоти фаврӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ мебошад». (Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025. – Душанбе, 2021.)

Мо умедворем, ки иқдомҳои пай дар пайи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташавишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад.

Тӯхтаева Маҳноза, докторант PhD

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ