​Модар- фариштаи рӯйи замин

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда таҳти унвони “Модар- фариштаи рӯйи замин” чорабинӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултет профессор Меҳриниссо Абдуллоева, намояндаи раёсати донишгоҳ, мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Маҳмудзода ва устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Дар доираи чорабинӣ оид ба нақшу заҳматҳои занону бонувон дар таъмини рушди ҷомеа маърӯзаҳо шунида шуда, шеъру гуфтор қироат шуданд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон унвон намуда, ҷиҳати таҳкими нақши занону духтарон дар ҷомеа ва давлат мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд” – таъкид рафт зимни чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ