​Мизи гирд: Экстремизм ва терроризм – таҳдид ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсӣ

Таҳти чунин унвон дирӯз бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар толори хурди раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи гирд бо тдоираи васеи коршиносон доир гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори мизи гирд оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар ҳар давру замон ҳифзи амнияти давлату миллат аз хатару таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз зумраи муҳимтарин вазифаҳои давлатсозиву давлатдории ҳар як миллати тамаддунофар маҳсуб меёфт ва имрӯз низин масъала авлавияти худро гум накардааст. Мутаассифона, бо суръати баланд паҳн шудани идеологияи созмонҳои экстремистиву террористӣ нигаронкунанда буда, авзои сиёсии ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам печидаву мураккабтар гардонидааст ва ҳолати баамаломада аз кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад, ки зидди ин падидаи манфии ҷомеа муборизаи дастҷамъона баранд. Қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ ва минтақавиву ҷаҳонӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Сипас муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Саидозода Диловар дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими суботи сиёсии кишвар” маърӯза намуд. Номбурда бо иқтибос аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Дар идома мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ойбек Холдоров дар мавзуи “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳншавии идеологияи экстремистӣ ва террористӣ”, сармуаллими кафедраи мазкур Комилҷон Сангинов дар мавзуи “Асосҳои сиёсӣ-ҳуқуқии муқовимат бо экстремизм ва террориз” ва Мавзуна Улмасова дар мавзуи “Паёмадҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” маърӯза ироа намуданд. Дар маърӯзаҳо қайд гардид, ки масъалаи паҳншавии киберҷиноятҳо имрӯз тамоми миқёси ҷаҳонро фаро гирифта, хисорот ва зарари расонидаи он ба миллиардҳо доллари амрикоӣ мерасад ва таҳдиди воқеӣ барои амнияту субот аст. Аз ин рӯ, вазифаи таъмини амнияти иттилоотӣ ва киберамният баҳри рушди давлатдорӣ ва оромии ҷомеаву шаҳрвандон аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки солҳои охир ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистивутеррористӣ,тундраву ифротгаро яке аз масъалаҳои ниҳоят ташвишовар ба боқӣ монда,мусибат ва хатарҳоимудҳишро дар пай дорад. Аз ин рў, дар шароити кунунӣ ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати баландбардоштани сатҳу савияи дониши сиёсиву динӣ ва эҳсоси худшиносивуватанпарастӣҷиддан ва сидқан муносибат намоем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ