​Маркабсонон!

Мавҷудоти зиндаи сайёраи Замин қонуну қонуниятҳои зиёди ҳаётро доро гаштааст, ки давоми давраи тӯлонии таҳаввулот амалӣ шудаанду боз ҳам такомул ёфта истодаанд. Вале, баъзе хусусиятҳои организмҳои алоҳида дар дараҷаи генӣ устувор асту тағйиру ислоҳи он ғайриимкон аст. Мисоли чунин хусусиятро метавон дар хӯйу феъли якравии маркаб, ки маълуму машҳури ҳамагон шудааст, мушоҳида кард. Ин ҳайвони бехабару қадрношинос аз неъматҳои офаридаи Аллоҳу нигоҳубини соҳибаш дар лаҳзаҳои ҳассос бо пойфишорӣ муқобилият нишон медиҳаду ҳатто халачӯб ӯро аз ин феълаш боздошта наметавонад. Ин якравию пойфишории маркабонаро дар баъзе нафарони ҷомеаи инсонӣ низ метавон вохӯрд, ки марбут ба бетамизӣ, кӯрдилӣ, сиёҳботинӣ, муғризиву палидии онҳометавон нисбат дод.Мутаассифона, ин феъли маркабонаи тоифаи муайяни башарӣ низ ислоҳ нашуданист!

Гуфтору рафтор, кирдору амалҳои нафарони ифротии наҳзатиёни палиди ватангадо бо сардории Кабирии фосиқи муртад шабеҳи чунин маркабсонист. Ин тоифаи хиёнатпешаи ватанфурӯшбарои ободию хуррамии макони аслии зодаашон амале баҷо наовардаасту бо якравию пойфишорӣ худроғамхоруҳимоятгари мардум метарошанд?! Гӯё мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол фитнаангезиву найрангбозӣ, иғвогариҳою бӯҳтонбофии солҳои 90-уми асри гузаштаи онҳоро фаромӯш карда бошанд?! Маҳз, мансабхоҳиву мансабталошии наҳзатиёни худозада сарзамини зарофари моро ғарқсони вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гардонида буд! Ҳазорон нафарон куштаву ҳазорони дигар бехонаву дар монданд ва кӯдакони бегуноҳи маъсум азоби ятимӣ чашиданд! Ҳамаи ин рӯйдодҳо ҳақиқатест, ки аллакай исбот шудаву ягон солимандеш инкор карда наметавонад!

Мутаассифона ҳамоно наҳзатиёни иблиссифат мақсаду ният дигар накарданду пайваста хоҳони нооромии кишвари мо мебошанд. Воизи наҳзатиёни палид Иқболбии бадафт “алами Исо аз Мӯсо” гирифтанисту бехабар аз забони шевои адабии тоҷикӣ бо лаҳҷаи гӯшхарошаш машғули чирккобист! Тоифаи наҳзатиён, ки аллакай виҷдон гум кардаву қалб ба хоҷагони хориҷии шайтонсифат таслим кардаанд, ҳамоно бо ҳар баҳонае санги маломат сӯи макони падариашон ҳаво медиҳанд. Шояд мехоҳанд аз қабри волидайн қасоси ҳаромзодагиашон бигиранд? Охир, ин амал бори дигар исбот месозад, ки дини мубини Ислом барои наҳзатиёни худозада танҳо ниқоб асту халос ва онҳоро ҳатто мусалмон шуморидан хатост!

Маркабсонони наҳзатиро дигаргун сохтан ғайриимкон аст. Зеро, феъли хоиниву ватанфурӯшӣ дар ботини онҳо ҷойшудааст. Бинобар ин, нафароне, ки ақидаву андешаҳои наҳзатиёни палиду разилро мепазиранду ба онҳо мепайванданд, беш аз маркаб ақлу тамиз, фаҳму фаросат надоранд!

Ҷомеаи заҳматқарини Тоҷикистони биҳиштосои соҳибистиқлол бо сипари боэътимод - сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар бар наҳзатиёни мунофиқ муқовимати шадид менамоянду насли ҷавони худро аз олудашавӣ ба ғояҳои палиди ифротӣ ҳифз менамоянд.

Илоҳо, комёбу комгорӣ насибамон бод!

Собиров М.С. – дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ