​Маркаби якрави побанди нафс!

Дар байни ҷомеа метавон гурӯҳи нафаронеро пайдо намуд, ки ихтиёран мутеи Иблис шудаанд ва тамоми рафтору гуфтори худ шабеҳи шайтон мекунанд. Зеро, аллакай побанди ҳарисиву нафс арзиши дигареро намефаҳманд. Бар замми побанд гардидан ба нафси ғизо, нафси шаҳвониашонро низ идора карда наметавонанду олудаи фисқу фуҷур гаштаанд. Алалхусус, аз маркаби борбардор атвори якравию пойфишорӣ омӯхтаанд, ки шаҳодати ислоҳ нашудани онҳост.

Мисоли воқеии нуктаҳои зикрёфта дар рафтору кирдор, гуфторҳои наҳзатиёни палиди ноҷинси маскуни хоки бегона аён ба чашм мерасад. Ин тоифаи муғризи побанди нафс ҳамаи арзишҳои олии инсониро поймол кардаву одати нокасонаи ҳаво додани санги маломати беасосро ба сӯи хоки поки аҷдодӣ пайдо кардаанд. Ин палидони найрангатворро нафари маккору фосиқ, рӯбоҳмиҷози айёр, бешарму берӯй Кабирии мунофиқ роҳбарӣ намуда истодаасту чоплусони думраваш аз ӯ рӯй тофта наметавонанд. Зеро, чун магаси одаткардаи дастархон, ё худ чун нашъаманд наметавонанд маҷрои ҳаёти худ тағйир диҳанд. Барои дарки роҳи хато ақлу тамиз надоранду ҷуръати мардонаи изҳори норозигӣ ба хоҷагонро карда наметавонанд.

Кабирии фосиқи маккор бошад, мисли кампирони суханчин тавассути нафарони гумроҳгаштаи баднафси тоҷикистонӣ ҳар хабари беасосу гапу калочаҳои кӯчагиро дастак намуда фитнаву дасиса, буҳтонҳои нав ба нав мебофаду чун тори анкабут ҷомеаи меҳнатқарини моро печониданист. Ин муртади айёр, ки ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ мебошад, кӯшиш менамояд, ки бо ҷалби нафарони соддалавҳ сафи думравонаш зиёд намояду маблағе аз хоҷагонаш ба подоши “хизматҳояш” дарёбад. Бинобар ин, симои манфури аблаҳонааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол асту ҳатто тез-тезсайтҳои нав ба нав боз менамояд. Аслан, ки сабукпоинаҳзатӣ лоиқи шунавидан нест ва шунавоии инсон аз овозиманфураш осеб мебинаду олудаи ғализӣ мегардад.

Аз гуфтору ваҷоҳати маккоронаи Кабирии муртади аблаҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пай бурдан мумкин аст, ки ин муғризи палидро ҳисси ҳасудкориву бахилӣ, рашку нонкӯрӣ фаро гирифтааст. Ҳар як дастоварди кишвари азизамон захме бар тани наҳзатиёни палиду разил асту чарми ғафси танашонро сӯрох намуда дарди ҷонкоҳ меангезад. Аз ин рӯ, ҳамаи қишри солими ҷомеаи мутамаддини Ватанро даъват менамоям, ки сарҷамъиву ваҳдати миллиро пешаи устувори худ қарор дода соҳиби дастовардҳои нав ба нав бошем. Ин худ зарбаи ҷонкоҳе ба наҳзатиёни палид мегардад!

Собиров М.С.- дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ