Мақсадҳои нопоки хиёнаткорон амалӣ намешавад

Солҳои 90-ум мо хеле хурд будем, аммо аз суханони волидонамон мефаҳмидем, ки вазъияти мамлакат хеле ногувор аст. Аз байн рафтани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози майдонҳо дар маркази пойтахти Ватани азизамон.

Ин ҳодисаҳоро кас дида ба ҳайрат меояд, ки чӣ тавр мардум натарсида барои нобуд сохтани ватани худ даст мезанад, халқро ба кӯчаи гумроҳӣ мебарад. Дар он майдонҳо чандин нафарон фирефтаи суханҳои бардурӯғи зархаридони хориҷӣ шуда буданд. Аз суханрониҳои ронандаи Кабирӣ маълум аст, ки чӣ гуна ба доми фиреби онҳо ғалтидааст.

Роҳбарони сенарияи майдони “Шаҳидон” нақшаи ба дастовардани давлатро кашидаанд, аммо иродаи мардумро ба инобат нигирифтаанд. Мардуми тоҷик дар он давра ҳам гумроҳи беандеша набуд, зеро мо ворисони ориёиҳоем. Ҳар яке аз он номбаршудагоне, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оварда шудааст, онҳо низ мардуми оддӣ буданд. Аммо дар дохили онҳо буданд шахсоне, ки барои мансаб, молу мулк мардуми оддиро ба доми марг ҳавола медоданд.

Ҷамъоварии издиҳом дар он давра кори наонқадар мушкил буд. Мақсад аз сохтани майдон ин диққати роҳбарони онвақтаи малакатро ба худ ҷалб кардан буд, яъне гурӯҳи оппозитсионерҳо мехостанд ба ин васила мақсади худашонро баён намоянд. Лаҷоми давлатро ба дасти худашон гиранд, аммо тири нопоки онҳо хато рафт.

Намояндагони партияи он вақтаи наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) баҳонаи овардани гурезаҳои арманиро пеш гирифта, мехостанд ба ин васила роҳбари он вақтаи давлат Қаҳҳор Махкамовро аз вазифа озод карда, идоракунии давлатро ба дасташон бе ягон монеа гиранд. Аммо онҳо дар нақшаи худашон ва дар назарашон надоштанд, ки ба ҷузъ майдоне, ки онҳо бо зархаридони худ ташкил мекунанд, мардуми соҳибақл низ майдони худашро ташкил намуда, тарафдорони давлату ҳукумати қонунӣ сарҷамъ меоянд. Вақте ин ҳолат пеш меояд, онҳо ба мардуми бегуноҳ тирпаррониро оғоз намуда, бо ҳамин низоъ ва муноқишаро ташкил мекунанд.

Ба назари мо намояндагони “Миллат” фикр ҳам надоштанд, ки барои ба даст овардани як давлат танҳо хоҳиши хоҷагони хориҷӣ бас нест. Мардуми ҳар як миллат ғурури миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодиро на танҳо дар ақлашон, балки дар ҷисму ҷонашон мепарваранд. Дар давлати СССР зиндагӣ кардан дар он вақт ин маънии онро надошт, ки мардум аз ғояҳои миллии хеш барканор мондааст, асолати тоҷик будан, мусалмон буданро фаромӯш кардааст, ё танҳо “дилсӯзон”-и миллат дар хотир доштанду ба мардум роҳ нишон медиҳем гӯён давлатро ба дасти худ гирифтанӣ шуданд.

Ҳоло мо фаромӯш накардаем, ки ҳамон майдонҳои ташкил карда онҳо ба чӣ оварда расонд. Тамоми аркони давлатиро фалаҷ карданд, малакатро ба вартаи нестшавӣ оварданд, дар оташе, ки онҳо ангезааш доданд зиёда аз 150 000 шаҳрвандони мамлакат ҷони худашонро бохтанд, 50 ҳазор кӯдак ятиму бе кас монд, як миллино аҳолӣ гурезаи иҷборӣ шуд, ҳазорон мардми тоҷик дар ғарибӣ ҷон бохт, ки ҳанӯз қабристонӣ ба номи “гӯристони фирориёни тоҷик” номашро мебаранд. Ин ҳама натиҷаи майдони сохтаи онҳо гардид.

Дар тамоми давру замон мақсади нопок амалӣ намешавад. Зеро мардуме, ки тинатан ифлосу нопок дорад, ҳатман ба орзуҳои разилонаи худ расида наметавонад. Барои мисол мо Адолф Гитлерро меорем, чӣ шуд, бе ному нишон, ҳамчун разили рӯйи олам дар таърих номашро гузошту рафт. Мардум вайро танҳо дар мавриди муноқишаҳои “бад” гӯем, ба хотир меорад халос, намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро низ дар ҳамин хел маврид мардуми тоҷик ба хотир меораду бас.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияташ ба ягон мамлакат ҳуҷум накардааст, ба ягон мамлакат бо чашми ҳирс нигоҳ накардааст, дар таърих то имрӯз бо роҳбарони оқилу сулҳофар, миллатпарасту ғамхораш номбаровардаасту бас.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ