Мақому манзалати шеъри Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳон

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Ҳофиз маҳфили “Ҳофизхонӣ” таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарифҷон Тоҷибоев ташкилу баргузор гардид.

Маҳфилро дотсент Шарифҷон Тоҷибоев ҳусни оғоз бахшида, аз Рӯзи ҷаҳонии Ҳофиз ёдовар гардид. Зимнан аз мақому манзалати шеъри Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳон изҳори андеша намуд. Қайд гардид, ки чун ҳамасола маҳфили “Ҳофизхонӣ” дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик бо иштироки устодону донишҷӯён амал хоҳад намуд. Таъкид рафт, ки ҳар шахс бо завқу фаҳмиши хеш ашъори Ҳофизро дарк менамояд.

Декани факултет профессор Замирахон Ӯлмасзода аҳли маҳфилро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Ҳофиз муборакбод намуда, ба идомаи кори маҳфил тавфиқ орзу намуд. Қайд намуд, ки чунин маҳфилҳои озод барои рушди донишу малакаи донишҷӯён арзишманд аст.

Дар идома бо роҳбарии дотсент Шарифҷон Тоҷибоев, устодони кафедраи адабиёти классикии тоҷик ва донишҷӯён ба шарҳу тавзеҳи ғазали Ҳофиз оғоз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳфили “Ҳофизхонӣ” ҳафтае як маротиба дар ҳуҷраи таълими кафедраи адабиёти классикии тоҷик доир мешавад, ки алоқамандони шеъри Ҳофиз метавонанд озодона дар он ширкат варзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ