​Маҳфили навбатии “Омӯзгори оянда” доир гашт

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус таҳти роҳбарии Ҳоҷибой Пиров маҳфили илмии доимиамалкунандаи “Омӯзгори оянда” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ,дотсентШоира Вализода аз ҳадафҳу маромҳои маҳфил ёдовар шуда, баргузории онро ҷиҳати омода намудани омӯзгорони оянда муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, профессор Шавқат Шаропов дар мавзуи “Касби омӯзгори-касби пурифтихор ва пурмасъулият”, профессор Хайрулло Сабурӣдар мавзуи “Омилҳои ба мувафақиятҳои назараси касбӣ ноил гардидани омӯзгорони ҷавони макотибҳои олӣ” маърӯза ироа намуданд.

Дар идома донишҷӯёни дар мавзуҳои “Истифодаи босамари ашъори ниёгон дар таълиму тарбияи насли наврас”, “Мавқеи таълимӣ ва тарбиявии бозӣ дар синфҳои ибтидоӣ ” баромад намуданд.

Декани факултет, дотсентДаврон Усмонзода баромад намуда, афзуд, ки ҳадафи асосии баргузории маҳфилҳои илмӣ ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ тадқиқотӣ ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо дар руҳияи илмомӯзӣ, донишазхудкунӣ, омодагии донишҷӯён ба касби оянда ва тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстию худшиносӣ мебошад.

Дар ҷамъбаст иштирокчиёни фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ