Маҳфили илмии “Графикони ҷавон” доир гашт

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бо иштироки устодони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва МТ маҳфили илмии “Графикони ҷавон” гузаронида шуд.

Тибқи нақша донишҷӯи курси 3-юм Алиева М. дар мавзуи “Роҳҳои фаъолкунии донишҷӯён дар дарсҳои дизайни графикӣ” баромад намуда, оиди ифодакунандаи тамоми ахбороти оммавӣ, китоб, маҷалла, рӯзнома, дафтарҳо,сару либос, ахбороти вертуалӣ ва умуман тасвире, ки таври рамзӣ дар рӯи сатҳ сабт мегардад маълумоти мушаххас дод.

Баъдан мудири кафедра Зикрилло Мирзабоев доир ба нақши маҳфил ибрози назар намуда, афзуд, ки маҳфил бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-амалӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар фарҷом иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ