​Маҳфили илмӣ тарбиявӣ дар факултети физикаю техника

Дар толори факултети физикаю техника маҳфили илмӣ-тарбиявии намунавии донишҷӯён баргузор гардид.

Маҳфилро декани факултет дотсент Қаюмзода Абдумалик ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши маҳфил ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки ташкилу баргузории чунин маҳфилҳо дар татбиқи эълон намудани солҳои 2020-2040“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” басо муҳим мебошад.

Баъдан аз тарафи донишҷӯёни гурӯҳи 101а ва 203 ду намоишномаҳои илмю тарбиявӣ таҳти унвони “Раъду барқ” ва “Физика дар як пиёла чой” бомаҳорати хоса нишон дода шуд.

Дар идома намояндаи раёсати илм ва инноватсия муттахассиси пешбар Мавҷуда Саидова баромад намуда, фикру ақидаи худро оиди маҳфил баён намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ