​Маҳфил: Либос нишон аз фарҳанг аст

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн таҳти роҳбарии декани факултет, дотсент Хайриҷон Ҷӯраева ва раиси бонувони факултет Муяссархон Темирова маҳфили навбатии “Ҷамъи хубон” таҳти унвони “Либос нишон аз фарҳанг аст”бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ҳадафи маҳфил татбиқи “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарварӣ маънидод гардид.

Зикр шуд, ки либоси миллӣ муаррифигари фарҳанги ҳар як халқу миллат мутамаддин маҳсуб ёфта, эҳтирому арҷгузори ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва риояи он дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши муҳим мебозад. Нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо басо муҳим маънидод шуда, яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат унвон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ