Маҳфил: Гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers

Маҳфили илмию амалии навбатии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар солҳои 2020-2040“ бо ҷалби донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Ба маҳфили илми-амалӣ дотсент Шамсидинов ҳусни оғоз бахшида, аз мақсади ташкил ва гузаронидани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.

Маҳфил бо тариқи озмун азрӯи 3 шарт гузаронида шуд:

  • Гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers;
  • Кор бо тахтаи интерактивӣ
  • Дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳои барномаи виросторони коркарди матнӣ

Иттилоъ дода шуд, ки сазовори ҷойи якум донишҷӯ Шӯҳратзода Парвина,ҷойи дуюм Каримова Зебинисо ва ҷойи сеюм Носиров Фирӯз гардид.

Барои ғолибони маҳфил ифтихорномасупорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ