​Маҳфил: Аслу моҳияти шеър аз назари Низомии Ганҷавӣ

Дар факултети филологияи тоҷик маҳфили “Адабиётшиносӣ”-и назди кафедраи адабиёти классикии тоҷик таҳти роҳбарии дотсент Сорбон Азизов баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида маҳфил моҳе як маротиба бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон доир мегардад.

Гуфта шуд, ки дар ҳар маҳфил як масъалаи мубрами адабиётшиносӣ маврииди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Дар маҳфили навбати роҷеъ ба аслу моҳияти шеър, назари донишмандону шоирон дар бораи шеъру шоирӣ ва махсусан шеъру шоирӣ аз назари Низомии Ганҷавӣ дар “Махзан-ул-асрор” аз ҷониби донишҷӯи соли сеюм Фарзона Шодмонова маърӯза ироа гардид.

Пас аз гузориши донишҷӯ маърӯза мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ