​Лаънатборон!

Давоми сафари хизматӣ дар мамлакати хориҷӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ ёфтам, ки тӯдаи ифротпешаи наҳзатиёни палид амали аблаҳона – ҳаво додани тухми паранда ба нақлиёти ҳайати расмии Тоҷикистонро бо худ раво донистаанд. Ин шумхабарро иштирокчиёни вохӯрии якҷояамон аз давлатҳои ҳамсоя расониданду афсӯс мехӯрданд, ки чунин палиду разилони худозадаро Тоҷикистонибиҳиштосо даврае макони зода шуда будааст. Онҳо тасаллӣ медоданд, ки дар кишварҳои онон низ чунин ноҷинсони бадзот мавҷуданд, ки ғуломони зархариди хоҷагони аҷнабӣ мебошанд. Таъкид доштанд, ки дар миқёси ҷаҳон аввалин роҳбари давлате, ки аз ҷараёни ифротгароӣ, терроризм ва зарурати муқовимати шадидбар зидди ин аблаҳонро ба оламиён ҳушдор додааст, маҳз Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳар як фарди соҳибақлу баномуси Тоҷикистон бо ин мебояд ифтихор намояд. Алалхусус, аҷибовар он буд, ки шаҳрвандони давлатҳои дигар бо эҳсосоти баланд ҷонибдории кулли сиёсати хирадмандонаи сарвари давлати Тоҷикистонро изҳор медоштанду амалҳои ин абармарди муқтадири таърихиро барои худ намунаи ибрат ва омӯзиши таҷриба меҳисобиданд.

Самимияту ҳамдилии шаҳрвандони кишварҳои дигар – ҳамкасбон ба эҳсосоти ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастии мо рӯҳу илҳоми тоза мебахшид. Маротибаи дигар итминони қалбамон қавитар мегардид, ки палидиву разолати ифротзадагони наҳзатиро тамоми ҷаҳониён хуб медонанд. Барои оламиён исбот шудааст, ки Кабириву ҳаммаслакони ландаҳураш аз зишттарии нафаронанд, ки хиёнат ба Ватану миллат, замини аҷдодӣ онҳоро овораи ҳарду ҷаҳонкардаасту илоҷи раҳоӣ аз ватангадоиро аз даст додаанд.

Эҳтимол меравад, ки тамоми солимандешони сайёра аз амалҳои Кабирии муртаду думравонаш ҳазар доранд. Зеро, баъди ба забон овардани ному насаби ин палидон чайқонидани даҳону забонро авлотар медонанд. Чунин тавсияҳои ҳамкасбон барои мо хеле фараҳафзову хурсандибахш буд. Бори дигар ба матонату иродаи қавӣ, ҷасорату садоқат, хираду заковат, дурандешиву дурбинӣ, раиятпарвариву ватандӯстӣ ва фазилатҳои дигари ҳамидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу иқрор гардидем. Бо камоли мамнуният ва самимияти афзун ифтихор менамоем, ки Пешвои тоҷикони олам на танҳо барои тоҷикистониён, балки барои ҳамаи оламиён маҳбубу муаззам мебошанд. Месазад, ки ҳар фарди соҳибақлу нангу номусдори Ватану пайрави содиқи Пешвои муаззами худ бошем.

Тоҷикистон ба пеш, ҳамватанони азиз!

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ