Коррупсия – зуҳуроти номатлуби замон

Яке аз падидаҳои нохуш ва номатлубе, ки имрӯз чомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин ҳодисаҳои коррупсионӣ, аз қабили ришваситонӣ, ришвадиҳӣ, хушомадгӯи, истифода бурдан аз вазифа ва суисти-фода кардан аз ваколатҳои ҳуқуқӣ – давлатӣ мебошад. Мо омузгорони ҳамчун қишри ҷомеаи фаъоли кишвар ва шаҳрванди ватандӯст, хостем мухтасар андешаҳои худро оиди ин масъалаи глобалӣ ва ҳалталаб иброз намоем. Пеш аз ҳама мо бояд ба моҳияти ин калима, яъне коррупсия сарфаҳм равем ва маънои луғавии онро донем: “Коррупсия” (калимаи лотинии corrupsion – маънояш бо пора ба худ тобеъ кардан, харида гирифтан, ришва додан) зуҳуроти хавфноки ҷамъиятӣ, ки қариб дар ҳама қишрҳои идоракунӣмебошад, ки дар истифодаи қасдонаи вазъи хизматии худ аз ҷониби намояндагони ҳокимият барои ғайриқонунӣ ба даст даровар-дани неъматҳои моддию ғайримоддӣ ва имтиёзҳо дар шакли дилхоҳ, ҳамчунин харида гирифтани ин шахсон истифода мегардад.

Як навъи ҷинояткорӣ ҳоло маъмӯл шуда истодааст: шахсони бадкирдор пулҳои қалбакӣ месозанд, аммо аз нуқтаи назари дигар, пул одамони қалбакӣ месозад. Аз барои пул шуда, одаму одамгарӣ росткирдорӣ, ростқавлӣ аз хулқу атвори одамон дур шуда истодааст. Нафси худро дошта натавониста, аз барои як танга пули ҳаром ҳатто одамони мансабдор, соҳибэътибор ва баобрӯ нангу номӯси худро аз даст дода истодаанд. Сабабҳо ва омили асосии авҷи коррупсия дар ҷомеаи мо ин аз як ҷиҳат паст будани маърифати ҳуқуқии сокинон, дарк накардани мафҳуми қонун мебошад.

Ҳоло давраи суръат, саросемагӣ ва таҳлука ҳукмфармо аст. Шаҳрвандон ҳарчӣ зудтар дар ҳаёт ва фаъолияти рӯзмарраашон ба мақсад мехоҳанд расанд. Бинобар он барои тез амалӣ шудани мақсад ва мароми худ аз худ бехабар элементҳои коррупсионӣ даст мезананд ва пас аз ҳосил шудани мақсади худ изҳори хурсандӣ менамоянд, вале намефаҳманд, ки бо амали хеш, ба фикрашон “осону қулай ” қонунҳои амалкунандаи давлатро вайрон карда худ ва хизматчиёни ташкилоту корхонаҳоро ба доми ҷиноятҳо тела дода, боз дар замми ин ба атрофиёни аз “қаҳрамониҳои худ” нақл намуда ба онҳо низ чунин роҳҳои осон, тез ва қулайро меомӯзонанд. Ҳамин тавр падидаҳои коррупсионӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои хаётамон ба зудӣ реша медавонад. Бинобар он, ба фикри мо бо иштироки васеи мутахассисону масъулон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа тез-тез вохуриҳои судманд ва оммафаҳм гузаронида шавад хубтар ва назаррастар мебошад. Инчун, бояд зикр кард, ки мубориза бар зидди коррупсия ва пайдо намудани камбудиҳо дар ин самт ин вазифа ва фарзи шаҳрванди ҳар як қишри ҷомеа мебошад.

Баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати фарҳангию ҳуқуқии шаҳрвандон омили риояи бечунучарои амру фармонҳо ва қонунҳои амалкунандаи кишварамон буда, бо роҳи росту софдилона ва амру виҷдони ҳар шахси бонангу номус амалисозии пешрафти давлатамонро таъмин намуда, обрӯ ва нуфӯзи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад.

Устодон ва корммандони кафедраи Т ва МТО-и факултети санъати тасвирӣ ва дизайн



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ