​Коррупсия заминаи беқонунӣ ва нақзи адолати иҷтимоӣ

Коррупсия яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, он на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми дунё як мушкилии мубрам маҳсуб меёбад. Мавҷудияти коррупсия сатҳи эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисод коҳиш медиҳад ва ба тамоми соҳаҳои ҳаёти одамон таъсир мерасонад. Ба иддаои таҳлилгарон дар ҷомеае, ки коррупсия мавҷуд аст, адолати иҷтимоӣ зери суол рафта, суботи сиёсӣ ва рушди иқтисод халалдор мешавад.

Коршиносон бар он назаранд, ки омили афзоиши мизони коррупсия гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд камбудиашонро бо пешниҳоди пора пӯшиш диҳанд ва ё мушкилашонро бо роҳи содда ва дар фурсати зуд ҳал кунанд. Яъне ин афрод гурез аз роҳи қонунии ҳалли ҳама корҳои худ ҳастанд.

Бино ба маълумоти ташкилоти Transparency International, ки мизони фасодро дар тамом дунё таҳқиқ мекунад, дар соли 2022 як қатор кишварҳое, ки онҷо сатҳи накӯаҳволии мардум паст аст, аз ҳама кишвари фасодзада гуфта шудааст. Дар садри ин феҳрист Сурия, Сомалӣ, Яман, Венесуела, Либия ва чанд кишвари дигари аз нигоҳи иқтисоди заиф қарор доранд. Агар дар бораи ҳамаи ин давлатҳо аз манобеи кушод маълумот ҷустуҷӯ намоем, дарк хоҳем кард, ки беқонунӣ ва набаробарӣ дар ин кишварҳо ҳукмфармо аст, ва мардум дар як сатҳи бисёр нигаронкунанда ба сар мебаранд. Барои исботи ин гуфтаҳо агар давлати Сомалиро ба инобат гиред, тибқи маълумоти расонаҳо ҳудуди 45%-и аҳолии ин кишвар дар ҳоли гуруснагӣ ба сар мебаранд.

Аз ин таҳқиқот аллакай қазоват кардан мумкин аст, ки ҳар қадаре, ки дар кишвар сатҳи фасод зиёд аст, вазъи зиндагии ҳамон ҷомеа ҳамон қадар пасттар шудан мегирад. Зеро фасод пеш аз ҳама механизми иҷрои ҳама гуна қонунгузориро зери суол мебарад. Шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳо тарҷеҳ медиҳанд, назар ба роҳҳои қонунии ҳалли масоили кору зиндагӣ шеваи зиндаги саропо фасодро. Чун ба назари ин нафарон ё гурӯҳҳо чунин менамояд, ки дар ҷомеаи онҳо ҳама мушкили ё корро бар ивази маблағ ҳал кардан мумкин аст. Ва ин афкори ғалат маншаи ҳама гуна нобаробариҳо ва бадбахтиҳо дар ҷомеаи мешавад.

Давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои решакан намудани коррупсия чораву тадбирҳои муассир меандешанд. Дар ин замина қабули Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия яке аз барномаҳои муҳим дар самти ба таври умум ва бо истифодаи тамоми имконияту инструмент ва методҳо мубориза алайҳи фасодкорӣ маҳсуб меёбад. Ин санад як формулаи миллии муқовимат бо фасод барои давраи муайян аст. Ягона нуктае, ки самаронокии ин барномаро таъмин мекунад, ин ҳам механизми татбиқи тамоми чорабинҳо ва амалҳое, ки дар он зикр ёфтааст. Ба андешаи ҷомеашиносон муқовимат бо фасод танҳо дар ҳамон ҳолате муассир ва самаровар мешавад, ки агар барои пиёдасозии ҳадафҳо дар ин самт ҳама институтҳо ва гурӯҳу соҳаҳо ба таври ҷиддӣ бо дарки амиқи масъулият талош кунанд. Инҷо масъалаи меҳварӣ маърифати аҳолӣ аст. Яъне маҳз аҳолӣ дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Агар як ронанда дар сатҳи худ бо фасод мубориза барад, як омӯзгор дар сатҳи худ талош кунад, як пизишк дар муҳити худ монеи ришвахорӣ шавад, як рӯзномангор ба инъикоси зарари коррупсия ба ҳаёти мардум ҷиддан сарукор гирад, як мансабдори давлатӣдар доираи имкониятҳои худ фасодро маҳкум кунад, бешак мо дар мубориза бо фасод муваффақ мешавем ва як модели миллии паст кардани мизони коррупсияро меофарем.

Ҷаҳонгири Раҳматзод - муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ