​Коррупсия – омили монеа дар роҳи рушд

Солҳои охир коррупсия яке аз мушкилоти сартосарии олам шуда, боиси мушкилоти зиёд гардида истодааст. Мубориза алайҳи ин падидаи манфии ҷомеа кори дастаҷамъона ба шумор меравад. Дар робита ба ин ба ин масъала фикрк андешаҳои мухталиф зиёд буда, барои бартараф намудани он солҳои охир дар матолиби васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ масъалаи мавриди назар ҳамеша мавриди баррасии густардаи коршиносону мутахассисон қарор мегирад. Новобаста ба ин ин падидаи номатлуб то ба имрӯз ба пуррагӣ дар ҷомеа решакан нашудааст.

Дар раванда ҷаҳонашавӣ коррупсия метавонад ба монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ гардад ва хосатан самараи рушди саноатро халалдор намояд. Инчунин амалҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятиро вайрон намуда, оқибатҳои нохушро ба бор меоварад ва аз дигар тараф ба поймол гардидани қонуну дигар меъёрҳои ҳуқуқро ба миён мегузорад.

Аз ин лиҳоз мубориза бо ин падидаи манфии ҷомеа на танҳо вазифаи мақомотҳои зиддахл, балки вазифаи тамоми сокинон мебошад. Бояд ҳамаи шаҳрвандони кишвар алайҳи коррупсия мубориза баранд ва нагузаронд, ки чунин кирдорҳои номатлуб ба миён ояд.

Агар ба маънои калимаи пора ё ришва рӯшанӣ андозем он аз истилоҳи калимаи арабӣ гирифта шуда, дар луғат ба маънои пул ё чизе мебошад, ки ба шахси соҳибмансабе барои ба нафъи пул ё чиздиҳанда иҷро кардани ягон кори ғайриқонунӣ ё ноҳақ дода мешавад. Дар баробари ин вожа, аз вожаи ришва низ истифода мебаранд, ки он ғайри маънои пора ё чизе, ки ба касе барои иҷрои кори ноҳақ ва ғайриқонунӣ дода мешавад, боз маъноҳои зиёдеро ифода мекунад. Ба маънои манзури мо Унсурӣ бисёр хуб гуфтааст:

Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун,

Шавад устуворӣ зи равзан бурун.

Ҳамин тариқ, порагир ба маънои гирандаи пора, ришвахӯр, порахӯр ва ришвагирӣ ба маънои ришвахӯрӣ, порагирӣ, порахурӣ, ришваситонӣ меояд.

Ришвадиҳанда бошад, ба маънои порадиҳанда ва ё диҳандаи пора ба кор бурда мешавад. Баъзан аз вожаи лотинии коррупсия низ истифода мебаранд. Ин амали нописанд падидаи нав набуда, аз ақвоми собиқ боқӣ мондааст. Зиёну зарари моддӣ ва маънавии ин амали зишт басе бузург аст. Ҳатто дар ҳар ҷомеае, ки ин амал ривоҷу равнақ ёбад, он ҷомеа суқут мекунад ва аз рушду такомул боз мемонад. Инро пай бурда, дар ҳар давру замон аҳли ҷомеа барои аз байн бурдани пораситонӣ ва порадиҳӣ бо ҳар роҳу восита мубориза бурдаанд.

Ин амали нораво аз ҷониби ҳар касе сар занад ҳамоно хуб намебошад, вале вақте ки як нафар омӯзгор ба он даст мезанад, қабоҳати он бештар эҳсос мегардад. Зеро маҳз омӯзгор барои ҷомеа мутахассис омода мекунад, ки он метавонад дар навбати худ фардо омӯзгор бошад, ё духтур шуда кор кунад ва ё дар сохторҳои қудратӣ фаъолият намояд. Аз ин хотир, агар худи омӯзгор аз рӯзҳои нахуст дар бораи амали пораситонию порадиҳӣ ва оқибатҳои нохушу нангини он ба шогирдон қисса кунад, дар зеҳни онҳо шанеъ будани ин амал нақш мебандад ва пас аз он ки ҳамчун мутахассиси ин ё он соҳа ба воя мерасанд, ҳаргиз дасти худро бо он олуда намекунанд. Аммо агар худи мо ба онҳо додан ва гирифтани пораро ҳанӯз аз курсии донишҷӯӣ омӯзонем, дигар порадиҳӣ ва порагирӣ барои онҳо як чизи маъмулӣ ва одӣ ҷилвагар мегардад ва дар оянда ба як одати муқаррарӣ табдил меёбад. Илова бар ин, аз тарафи омӯзгор талаб кардани пора аз донишҷӯ метавонад боиси дилсардӣ ва аз хондан даст кашидани ӯ гардад, ки дар амал ин гуна ҳолатҳо зиёд рух додаанд.

Ҳамин тавр, амали пораситонӣ, порагирӣ ва ҳатто мусоидат кардан барои амалӣ шудани онҳо аз назари ахлоқи олии инсонӣ номатлуб, номашруъ ва нописанд арзёбӣ мешавад. Мутаасифона, идае аз инсонҳо нописанд будани ин амалро сарфи назар карда, ба он бешармона даст мезананд, ки ин бешак сабаби аз байн рафтани обрӯю эътибори онҳо дар ҷомеа мегардад. Илова бар ин, порадиҳӣ ва пораситонӣ метавонад оқибатҳои нохушро дар пай дошта бошад, зеро аз назари қонунгузорӣ ҷиноят маҳсуб меёбад ва ҳар касе, ки онро содир мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ногуфта намонад, ки аз назари дини мубини ислом ҳам амали пора сахт маҳкум шуда, гуноҳи кабира (бузург) арзёбӣ гардидааст ва муртакиби он муҷиби лаънат мегардад. Ҳатто дар як ҳадиси Паёмбари гиромӣ (с) порахур ва порадеҳ дӯзахӣ гуфта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳои худ амали пораситонӣ ва порадиҳиро накӯҳиш карда, ба ҳар як нафари ҷомеа дастур медиҳанд, ки нисбат ба ин амали нанговар бетарафӣ зоҳир накунем ва барои решакан кардани он саҳми худро гузорем.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тавре дар сомонаи расмии ин ниҳоди давлатӣ оварда шудааст, соли 2006 баъди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаридани Конвенсияи Созмони милали муттаҳид зидди коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба Конвенсияи мазкур мутобиқ намуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад. Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони Президенти кишвар ба имзо расида буд. Боиси хурсандӣ аст, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод дар байни ҷомеа ба таври мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тариқи вохуриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ бурда мешавад ва аҳли ҷомеа аз оқибатҳои ин амали ношоиста огаҳӣ пайдо мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки садорати факултети математикаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» пайваста дар бораи оқибатҳои нохуши амалҳои коррупсионӣ дар байни ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад ва инчунин бо намояндагони сохторҳои дахлдор вохӯрию нишастҳо ташкил мекунад, ки ин албатта барои аз миён бардоштани амали мазкур мусоидат хоҳад кард. Масалан, санаи 06.12.2023 дар даромадгои факултет хониши сиёсӣ бо ташаббуси кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинов таҳти унвони «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» роҷеъ ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия баргузор гардид.

Бустонбек Ҷумаев, мудири кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А.Муҳсинови ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ