​Конференсияи ҷумҳуриявӣ: Технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Медикоммуникатсияи маҷозӣ ва реклама: технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва ҳайати устодону мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Иштиркдорон дар даромадгоҳи толори раёсат аз дастовардҳои илмию методии устодони кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума, ки ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуда, баҳо баланд доданд.

Дар қисми ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Исломмеҳмононро хайрамақдам намуда, ба кориконференсия ҳусни оғоз бахшид. Номбурда зимнан иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши иттолоот дар шароити муосир мулоҳизаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид бар он доштанд, ки “ дар шароити имрӯзаи ҷомеи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад, ки беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, вобаста ба руйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд ва дар баъзе мавридҳо вокуниш нишон диҳанд”.

Яъне, барои ба чунин ҳадафҳои созанда дар фазои воситаҳои ахбори умум ноил шудан, сатҳу сифати омода кардани кадрҳои соҳавиро боло бурда, дар баробари ин зарурати таъсиси марказҳо ва студияҳои таълимӣ пеш омадааст.

Қайд гардид, ки ҳодисаҳои зудтағирёбандаиҷаҳони муосир, ки имрӯз ба яке аз равандҳои идоранашаванда табдил ёфта истодаанд, ба фазои иттилоот ва воситаҳои ахбори омма вобастагии калон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва инкишофёбанда барои ба маҷрои мусбату манфиатовар равона кардани фазои иттилоотии мамлакат, ки ба инкишофи нерӯи ақлониву зеҳнии ҷомеа вобастагии калон дорад, корҳои муҳиму арзандаеро ба сомон расонида истодааст. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар мамлакат наздики 100 шабакаҳои телевизиониву радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин росто кадрҳои тайёрнамудаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ дар ҳавзаи рушди воситаи ахбори умум кору фаъолият менамоянд,- иброз дошт Усмонзода Аюб.

Сипас, Тоҷибой Султонӣ, намояндаи МИҲД вилояти Суғд баромад намуда, ташкилу бавргузории чунин тадбирҳоро дар рушди илми журналистикаи тоҷик муҳим арзёбӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар раванди татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бо роҳандозии тадбирҳои муҳим амалан корҳои муайянеро анҷом дода, дар мукаммал намудани фазоии иттилоотӣ вилояту ҷумҳурӣ бо ахбори саҳеҳ ва хусусияти манофеи миллидошта, саҳми шоиста гузошта меояд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ конференсия профессор Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дар мавзуи “Риояи меъёрҳои байналхалқии журналистӣ дар маводи шабакаҳои иҷтимоӣ” маърӯза намуда, доир ба риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар расонидани иттилооти дуруст ва беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ибрози назар намуд.

Мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума дотсент Комилов Каримбой дар мавзуи “Медиакоммуникатсияи маҷозӣ: ташаккул ва дурнамои рушд” ва дотсенти кафедраи адабиёти муосири факултети филологияи тоҷик, Аъзамов Субҳон дар мавзуи “масъалаҳои адабиёт дар расонаҳои интернетӣ” маърӯза намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, актуалӣ буда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид.

Конференсия кори худро дар се бахш вобаста ба масъалаҳои медикоммуникатсияи маҷозӣ, реклама, технологияҳои нав ва методологияи таҳқиқ идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зиршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ