Конференсия: Масоили мубрами методикаи муосири таълими забонҳои хориҷӣ ва забоншиносии типологӣ

Имрӯз, 6-уми марти соли 2024 дар толори калони раёсати донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масоили мубрами методикаи муосири таълими забонҳои хориҷӣ ва забоншиносии типологӣ”, бо мақсади гиромидошти дотсенти факултети забонҳои хориҷӣ Алиҷон Бойматов ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом конференсияро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиву англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои асосӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Қайд шуд, ки Пешвои миллат ҳамеша дар баромадҳояшон доир ба омӯзиши забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ мулоҳизаронӣ намуда, дар яке аз онҳо ин масъаларо чунин арзёбӣ намуданд: “Дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ зарурати бештар дорад”.

Гуфта шуд, ки муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст ва нерӯи илмии донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.

Таъкид рафт, ки барои рушди дониш ва маҳорати педагогии мутахассисони варзида саҳми олимону донишмандони факултет Каримҷон Усмонов, Артур Мулкиджанян, Нина Павловна, Муҳаббат Бобохӯҷаева, Муҳаббат Массаидова, Светлана Балтина, Ҳасанов Валиҷон бениҳоят калон аст.

Дар қатори ин мутахассисони варзида дотсент Бойматов Алиҷон Бойматович низ ба шумор мераванд. Зеро устод дар давоми фаъолияти арзишманди худ баҳри беҳтар омӯхтани забонҳои хориҷӣ китобу рисолаҳои илмии арзишмандеро ба чоп расонидаанд, ки имрӯз шогирдонашон ба таври васеъ аз он истифода мебаранд.

Баъдан, профессори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Парвонахон Ҷамшедов дар мавзуи “Тадриси забони англисӣ дар марҳилаи ҳозира”, декани факултети забонҳои хориҷӣ, профессор Меҳриниссо Абдуллоева дар мавзуи “Масъалаҳои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷии донишгоҳ дар давраи истиқлол”, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Матлуба Азимова дар мавзуи “Эталон мудрости и педагогичекого мастерства” ва профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзуи “Ба сурат ҷамолу ба сират камол” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Дар маърӯзаҳои масъалаҳои мубрами омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир, такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки кори бахшҳои конференсияи мазкур давоми рӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ ба кори худ дар се бахш идома бахшида, маҷмуан беш аз 115 маърӯза ироа мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ