​Конференсия: Инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Инкишофу таҳаввули забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.

Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, ба мақсади татбиқи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» роҳандозӣ шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода конференсияро ифтитоҳ бахшида, аз нақшу мақоми забони давлтӣ таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳуввияти ҳар халқу миллат ба шумор меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чандин нигоштаву баромадҳои худ ба ин нукта ишора намуда, аз ҷумла навиштаанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст». Ба ибораи дигар, маҳз забони тоҷикӣ аз ҳастии миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷик аст, ки дар харитаи олам давлате бо номи «Тоҷикистон» арзи ҳастӣ дорад.

“Забони тоҷикӣ, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми забони давлатӣ эътироф шудааст, аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз сеҳазорсолаи хаттӣ дорад. Забони тоҷикӣ дар давоми мавҷудияти худ чандин санҷишу имтиҳони таърихӣ ва даргириву яғмои аҷнабиёнро паси сар намуда, аз қаъри торики асрҳо то ба замони мо – асри ХХI ҷон ба саломат овардааст. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих таймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд»”- зикр намуд ректори донишгоҳ.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филология, профессор Султонзода Тоҷибой дар мавриди тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими мавқеи забони давлатӣ иброз намуд.

“Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чунончи, соли 2008-ум бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, ин санаи муҳими таърихӣ баробар бо 1150-солагии поягузори забони адабии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Бо дарназардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр Қонуни забон аз нав таҳия гардида, дар таърихи 5-уми октябри соли 2009-ум бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба таъбири дигар, имрӯз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дорад” – афзуд профессор Султонзода Тоҷибой.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод доир ба нақши забони давлатӣ ва поку тоза нигоҳ доштани он дар шароити муосир ибрози назар намуда, забонро ҳамчун як манбаи муҳимми шинохти халқу миллат муаррифӣ намуд.

Дар идомаи кори конференсия як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, дар мавзуи “Марҳилаҳои рушди сиёсати забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” профессор Абдуқодиров Абдусаттор, перомуни “Ҷойномаҳои таърихии водии Ҳисор дар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров профессор Ҳомидов Дилмурод, таҳти унвони “Саҳеҳ”-и имрӯзаву ғалати дирӯза профессор Ҳасанзода Абдуҷамол ва оид ба “Густариши забони тоҷикӣ дар хориҷа” профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шокириён Туғрал маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ ироа доштанд.

Таъкид гардид, ки забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

“Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст” – таъкид шуд дар конференсия.

Дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ 7 нафар ҳайати устодону профессорон: Абдуқодиров Абдусаттор, Тоҷизода Шарифҷон, Абдуллоев Ромез, Раҷабов Боҳир, Азизов Сорбон, Вайдуллозода Салоҳиддин ва Маҳмудҷонова Мунзифа бо сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадршиносӣ гардиданд.

Конференсия дар ду бахш: “Масоили умумии инкишофи забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ” ва “Масоили таълими забони тоҷикӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ” ба кори худ идома мекунад.

Интизор меравад, ки дар доираи конференсияи мазкур дар маҷмуъ беш аз 40 маърӯзаҳо ироа шуда, фишурдаи он дар шакли маҷмуаи мақолаҳо интишор хоҳад ёфт.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Рӯзи забони давлатӣ силсилаи ташаббусҳои судманд идома ёфта, дар доираи он конференсия, мизи мудаввар, семинар, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ идома доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ