Иршоддеҳи мардум

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҷиҳати расидан ба пирӯзиҳои навину арзанда дар соли нави 2023 ба сифати як ҳуҷҷати созанда иршоддеҳи мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз хоҳад буд.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём соли 2022 – ро барои Тоҷикистон, дар маҷмуъ, соли бобарор унвон намуда, таъкид доштанд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон бомаром идома ёфта, дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат нақшаву барномаҳо самаранок татбиқ гардиданд.

Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, Роҳбари олии мамлакат ҷиҳати таъмини рушд ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои судманд ба миён гузоштанд.

Чун анъана ба масоили марбут ба таъмини тараққиёти соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаҳои афзалиятноки давлат дар Паёми навбатӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Садри муаззами миллат бори дигар маорифро сарчашмаи бунёди миллати мутамаддин унвон намуданд, ки ин нукта қариб дар ҳама Паём таъкид мегардад. Аслан агар мушоҳида намоем, ҳамасола дар Паём мавзуи маориф ва илм мақому ҷойгоҳи муҳим ва асосиро соҳиб аст.

Пешвои муаззами миллат бо назардошти зарурият ва аҳамияти рушди ин соҳаҳо ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ пешрафти илму маорифро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, ғамхорӣ кардан ба илму маорифро сармоягузорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ таъкид медоранд.

Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи илму маориф афзоиш меёбад. Агар соли 2015 ҷиҳати пешрафти соҳа се миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда бошад, соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

“Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард”.

Баланд бардоштани музди меҳнат, ки Роҳбари олии мамлакат маҳз дар Паём ба мардуми кишвар аз он мужда медиҳанд, ба ҳукми анъана даромада, дар доираи ин иқдом зиёд шудани маоши кормандони соҳаи маориф ва илм қариб ҳамасола мушоҳида мешавад. Дар Паёми соли 2015 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм 20 фоиз, соли 2016 - 20 фоиз, соли 2018 - 15 фоиз, соли 2020 - 15 фоиз, соли 2022 – 20 фоиз зиёд шуд.

Дар Паёми навбатӣ низ Президенти мамлакат дастур доданд, ки шуруъ аз 1 – уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм боз 20 фоизи дигар зиёд гардид.

Дар маҷмуъ, агар таҳлил намоем, дар ҳафт соли охир музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва илм 110 % зиёд гардид, ки далел аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои мунтазами Садри маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Пешвои муаззами миллат дар Паём пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватанро аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобаста дониста, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофотро барои инсон омили бадбахтӣ ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат маънидод намуданд.

Дар маҷмуъ, ба таври мухтасар метавон гуфт, ки масъалаи маориф ва илм меҳвару ҷавҳари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил дода, ин навбат низ дар доираи Паём ба намояндагону кормандони ин соҳа таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои шоиста зоҳир гардид.

Ин ҳама таваҷҷуҳ ва дастгириҳо масъулияти моро беш аз пеш зиёд намуда, ҷиҳати дар сатҳи арзанда анҷом додани рисолати шаҳрвандиву касбии хеш ҳидоят менамояд. Дар ин ҷода татбиқи самараноки Паём кафили таъмини зиндагии шоиста ва расидан ба пешрафтҳои арзандаву назаррас хоҳад буд.

Мирзосодиқ Сангинов,

омӯзгори факултети геоэкология ва туризм


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ