Ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон

Барои халқи тоҷик сулҳу ваҳдат ва суботу оромӣ афзалтарин неъмат маҳсуб меёбад, зеро тоҷикон дар масири таърих рӯзҳои мудҳиши ҷангу ҷидол, хунрезиву нобасомониҳоро паси сар намуда, арзишу моҳияти сулҳу ваҳдатро ба хубӣ дарк намудааст. Ин аст, ки субҳи мурод ва партави дурахшони хуршед зарфи 30 сол инҷониб кишвари моро шӯлапошӣ мекунаду абармарде чун Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо омаданаш ба арсаи сиёсат сулҳу ваҳдатро дар кишвар пайдо гардонад. Аз ин рӯ мавқеи сулҳу субот ва ваҳдату оромӣ дар ҳар Паёму баромадҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон назаррас ба шумор меравад.

Дар Паёми имсолаи хеш низ, ки санаи 21-уми декабр ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти кишвар ироа гардид, на танҳо ба масъалаи сулҳу суботи дохилӣ инчунин ба масоили оромиву тинҷии кишварҳои дигар низ равшанӣ андохта шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо кам нестанд, кишварҳое, ки аз ин дастовард бебаҳра мондаанд ва солҳост, ки оташи ҷанг марзу буми эшонро ба коми худ фурӯ мебарад.

Сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон суботу осудагӣ ҳукмфармост ва ҳеҷ як адое наметавонад ин пирӯзивукомгориро барҳам диҳад.

Дар ин ҷода кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ баҳри такомули иқтидори дохилӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Маҳз дар пайи ин гуна тадбирандешиву чораҷӯиҳо имрӯзҳо меҳани мо ободтару озодтар гардида истодааст.

Дар рафти ироаи Паёми навбатии хеш Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати навинтихобшудаи мамлакат мо тавонистем, ки дар як муддати кӯтоҳ ба иҷрои ҳадафҳои фаврии дар наздамон қарордошта ноил гардем. Расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем”. Сулҳу ваҳдати деринтизор алҳақ аз манфиат холӣ нест, зеро бо ба дастовардани ин неъмати пурарзиш дар ҳаёти давлату миллат дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Чуноне ки Президенти кишвар қайд намуданд барои беҳбудӣ бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ як қатор қонуну қарорҳо ба тавсиб расиданд, ки барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат тасдиқ намуд, ки маҳз сулҳу оромӣ, амнияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконияти зиёду фарохеро фароҳам овардааст. Эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Соли рушди саноат” ин худ шаҳодати гуфтаҳои болост. Тоҷикистон ки имрӯз роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ғояи асосии он ин волоияти қонун ва ҳифзи суботу оромӣ ва озодии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосии рушди давлатро ба амният ва субот нисбат медиҳад, ки асосу пояи ҳар кишварро таъмин менамояд. Паёми мазкур ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷойи махсусро ишғол менамояд

Бояд қайд кард, ки дар Паёми худ Пешвои миллат ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, қайд карданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Сарвари давлат дар баромади худ иброз доштанд, ки бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Пешвои миллат тарбияи ҷавонони боистеъдодро дар мадди аввал гузошта, барои муваффақиятҳои ояндаи кишвар таҳкурсиҳои мустаҳкам гузоштанро таъкид намуданд. Омӯзгор на танҳо соҳаи хеш, балки тамоми соҳаҳои ҳаётро бояд донад, ба сатҳу сифати таълим аҳамият диҳад. Чуноне, ки Пешвои миллатдар Паёми худ қайд карданд “Бе рушди соҳаи маориф ягон қадар пеш рафта наметавонем”.Барои ҳавасманд гардонидан ва дастгирӣ намудани омӯзгорон музди маоши онҳо ба миқдори 20 фоиз зиёд гардид,ки ин ғамхориҳои Пешвои миллатро нисбат ба омӯзгорон нишон медиҳад. Ин гуфтаҳо мо омӯзгоронро водор месозад, ки боз ҳам баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои мушаххас андешем. Мо омӯзгорон аз ин Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми нав гирифта, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ дониста, барои боз ҳам пурсамар фаъолият намудан кӯшиш ба харҷ медиҳем. Маҳз Паёмҳои Пешвои миллат дастури беҳамто, раҳкушову раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардои дурахшон аст, ки сароғози онро сулҳ ташкил медиҳад.

Мудири кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Азимова С.Р.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ