​Ҳидояти оқилона барои пешбурди фарҳанги миллӣ

Дар таъриху тамаддуни миллати тоҷик аз давраҳои бостонӣ кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимин ҷойгоҳи хосаи худро дошт.Бахусус сокинони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бо кирмакпарварӣ ва бофандагӣ ном бароварда буданд. Дар шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ба монанди Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд санъати кирмакпарварӣ ва истеҳсоли абрешим ривоҷу равнақ дошт. Дар шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳои бофандагон ва ресандагон буданд, устоҳои дўкондор бо истифодаи абрешим ва нахи пахта газворҳои хушсифат мебофтанд. Дар замони ҳукумати подшоҳии Россия нишон (герб)-и шаҳри Хуҷанд расми барги тут ва кирмакро дошт, ки ин ишора ба равнақи кирмакпарварӣ ва бофандагӣ буд.

Замони шўравӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудани комбинати шоҳибофӣ бесабаб нест. Зеро дар ин минтақа таърихан абрешимбофӣ рушд карда буд ва табиист, ки барои ин кор шароити мусоид мавҷуд буд. Ҳамчунин корхонаи «Хуҷандатлас» фаъолият дошт, ки матоъҳои абрешимин истеҳсол мекард.

Дар колхозҳо ва совхозҳо пилла парвариш мегашт ва ҳамчун маҳсулоти аввали хоҷагии қишлоқ ба хирмани давлат рехта мешуд. Мутаассифона, дар чанд соли охир кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ коҳиш ёфт. Доир ба ин ҳолат дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гашт, ки ин соҳаи хоҷагии халқ – пиллапарварӣ хатари аз байн рафтанро дорад.

Иқдом ва ҳидояти шоиста дар он буд, ки Президенти Тоҷикистон ҷонибдори барқарор кардану рушд додани пиллапарварӣ ва истеҳсоли матоъҳои абрешимин ҳастанд. Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар густариши пиллапарварӣ рушди иқтисодӣ ва таъмини мардумро бо ҷойҳои корӣ медонанд. Дар Паём чунин омадааст: «Ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус, барои занону бонувон имконият медиҳад, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷударо таъмин намоянд».

Воқеан, чунин назари Пешвои миллат воқеӣ аст. Мусалламан, пиллапарварӣ яке аз соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад ва аҳамиятнок аст.

Ба андешаи ин ҷониб парвариши кирмак, санъати парвариши тут, рўёнидани пиллаи хушсифат на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати нигоҳ доштани фарҳанги кирмакпарварӣ ҳам муҳим аст.Дар Хуҷанд ва дигар минтақаҳои пиллапарвар дар тўли асрҳо ривоятҳо, донишҳои табиӣ ва биологӣ, суннатҳо ва маросимҳои марбут ба кирмаку пилла ба вуҷуд омада буданд, ки мутаассифона, дар чанд соли охир рў ба фаромўшӣ оварда буданд. Бо баробари рушд додани пиллапарварӣ ҳамаи унсурҳои фарҳангии он ҳам аз хатари нобудшавӣ эмин мемонанд.

Агар ба фарҳанги кирмакпарварии мардум нигоҳ кунем, дар шинохти баргҳои дарахти тут, бемориҳои кирмак, тарзи буридани навдаҳо, тайёр кардани барг барои кирмак, бастани даста, ғанггузорӣ ва ғайра донишҳои мардумӣ ва фолклори бузург ба вуҷуд омадааст. (Перомуни ин масъала мақолаи муфассали роқими ин сутур таҳти унвони «Фолклори кормакпарварӣ ва пиллаинӣ дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он» ба нашр расидааст, ки хоҳишмандон метавонанд ба он руҷуъ кунанд).

Санъати парвариши дарахти тут ҳам таъриху таҷрибаи чандасара дорад. Барои мисол дарахтҳои «Тути Калон», «Тути бузург»-и мавзеи Панҷшанбеи шаҳрро мисол оварда метавонем, ки таърихи зиёда аз 800-сола доранд.

Дар робита ба парвариши дарахтони тут дар Паёми Президенти Тоҷикистон чунин таъкид гашт: «…замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

Албатта, чунин пешниҳод барои рушди парвариши дарахти тут, ки баргҳои онро кирмак хўрда аз он нахи абрешимро дар намуди пилла ҳосил мекунад, зарур мебошад. Солҳои охир аз сабаби таваҷҷуҳ надоштан ба кирмакпарварӣ ба дарахтони тут беэътиборӣ зоҳир мегашт ва баргу навдаи тут барои парвариши чорво истифода мегардид. Гумон мекунам, ки баъди Паёми Президент масъулон нисбати ин масъала бештар мароқ зоҳир мекунанд.

Дар қисмати дуюми иқтибоси болоӣ имтиёзи напардохтани андозро истеҳсолкунандагони абрешиму бофандагони дастӣ эълом карданд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи абрешимбофӣ оварда мерасонад.

Алҳол матоъҳои атлас ва адрасро бофандагони Хуҷанд ва ноҳияҳои гирду атрофи он ба роҳ мондаанд. Ба гумони ман барқарор кардани на танҳо матоъҳои атласу адрас, балки дигар матоъҳо ҳам, ки дар гузашта доштем, ба мақсад мувофиқ аст.

Дар Паём таъкид гардид, ки ба ҷавонон фарҳанги миллӣ омўзонида шавад. Бо рушду тараққӣ додани шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ метавонем, ки на танҳо ҳунар, балки фарҳанги хосаи марбут ба онҳоро ба вуҷуд орем, маънои гулҳо ва ороиши атласу адрас, урфу одатҳои марбут ба пўшидан ва нигоҳ доштани либосҳои аз ин матоъҳо тайёршударо тарғибу ташвиқ намоем.

Ба андешаи ин ҷониб ба санъати пиллапарварӣ ва шоҳӣ, атлас ва адрасбофӣ таваҷҷуҳ кардани Пешвои миллат бесабаб нест. Он ҳамчун унсури фарҳангӣ дар байни мардуми мо ҷой дошт ва ғамхорӣ нисбати аз байн нарафтани онҳо маънои онро дорад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомӣ ва тарғибгари мероси фарҳанги ғайримоддии миллатамон мебошанд. Ба андешаи мо дур нест он рўз, ки кирмакпарварӣ, матоъҳои шоҳӣ ва атласу адрас ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ ба қайд гирифта хоҳанд шуд. Он гаҳ амиқ дарк хоҳем кард, ки ҳидояти Пешвои миллат барои боло бардоштани обрўи миллатамон нигаронида шуда будааст.

Ислом Раҳимов – номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети забонҳои шарқи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ