​Хониши сиёсӣ: Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад...

Таҳти чунин унвон субҳи имрӯз дар факултети филологияи тоҷик бахшида ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ бо ташаббус кафедраи адабиёти классикии тоҷик бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ декани факултет, профессор Замирахон Ӯлмасзода баромад намуда, бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат таъкид варзид, ки “шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд.”

Гуфта шуд, ки насли ҷавонро мебояд бо пайравӣ аз ҳидоятҳои Пешвои миллат ба осори бузургоне чун Мавлоно рӯ оварда, онро мутолиа намоянд ва ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардонанд.

Сипас, муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик, Сорбон Азизов оид ба асари безаволи Мавлоно “Маснавии маънавӣ ва назари олимони ҷаҳон ба муҳтавои он” маърӯза намуда, таъкид дошт, ки назми оламгир ва афкору андешаи бунёдиву башардӯстонаи Мавлоно ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Имрӯз дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Зикр шуд, ки дар осори фалсафии Мавлоно муҳимтарин масъалаҳо воқеъбинона шарҳу тафсир ёфтаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола 30 сентябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар факултетҳои Донишгоҳ низ баргузории конференсияву ҳамоиш, мизи гирд ва маҳфилҳои илмию адабӣ дар назар аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ