​“Ганҷи сухан” ва бузургдошти сухан

Дар толори калони МДТ ”Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ” нишасти 112-умин маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки ҳаводорони каломи бадеъ баргузор шуд.

Нахуст иштирокчиён аз намоиши китоб ва дастовардҳои устодони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ дидан намуданд.

Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро ба барномаи он ошно сохт. Иттилоъ дода шуд, ки нишасти 212-умини маҳфил ба 70-солагии таъсиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод бахшида шудааст.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ, номзади илмҳои тиб Алимат Мавлонзода зимни суханронии худ, таъкид дошт, ки “Боиси хурсандии мо аҳли коллеҷи тиббӣ мебошад ки имрӯз маҳфили “Ганҷи сухан” ба истиқболи 70-солагии Шӯъбаи суғдии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод дар даргоҳи мо баргузор мешавад. Воқеан дар колеҷи мо ҳам шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва фарҳанг монанди Бобохӯҷаев Муҳаммад, Рофиев Мирзоҳамдам, Усмонов Мулло, Бобоҷонов Юсуф, фаъолият бурдаанд, ки ному корашон дар дилу ёди мардум қарор дорад.”

Таъкид рафт, ки ҳар як табиб ва ҳамшираи тиббӣ дар баробари ҳунар ва истеъдоди табибӣ бояд бо сухани воло ошно бошад. Зеро сухани мавзуну манзум ба беморон шифо ато мекунад ва ҳарфи хушу дилнавоз ба дилҳои мардум шодиву сурур мебахшад.

Баъд намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, доктори илмҳои филология, Тоҷибой Султонзода баромад намуда, зикр кард, ки соли равон бо Қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 70-солагии Шӯъбаи суғдии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қайд карда мешавад, ки рост омадани он ба 50-солагии фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ба ин ҷашн рамзӣ унвон намуда, паёми табрикотии Раиси вилоятро ба самъи иштирокдорон расонд.

Ҳамзамон дар ҳузури аҳли нишаст номаи табрикоти Раиси вилоятро ба шоири мумтоз Олимхон Исматӣ, ки чанде пеш 45-солагии фаъолияти эҷодиашро қайд карда буд тақдим намуд.

Дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ”, ки китобҳои тозанашр муаррифӣ гардиданд. Доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Неъматҷон Файзуллоев дар мавзуи “Ғазал ва рубоӣ дар эҷодиёти Аҳмадҷон Раҳматзод”, маърӯза намуда, перомуни вежагиҳои шеъри шоир изҳори назар намуд. Қайд гардид ,ки Аҳмадҷони Раҳматзод аз зумраи суханварони мумтоз ва донишмандони соҳибназари тоҷик маҳсуб мешавад, ки бо сабку салиқаи ба худ хос, афкору андешаи густурда дар адабиёти муосири тоҷик мақом, манзалат ва чеҳраи хосаи адабии худро пайдо кардааст.

Сипас роҳбари маҳфил, адабиётшинос Саидумрон Саидов, дар мавзуи “Нақши Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар рушди адабиёт ва илми кишвар” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда, ба таърихи мавҷудият ва фаъолияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ руҷӯъ кард. Номбурда дар гузориши худ аз роҳбарони қаблии шуъба Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, адабиётшиноси номвар Атахон Сайфуллоев, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва аз хидматҳои эшон ёд кард. Ҳамзамон, фаъолияти Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар даврони роҳбари Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод изҳори назар карда шуд. Аз ҷумла дар мавриди нашри зиёди осори адабиву бадеӣ ва илмиву таърихӣ, баргузории чорабиниҳои бонуфузи фарҳангиву илмӣ ва адабӣ, дастгирии доимии адибон, сарпарастии ҷавонони эҷодкор ва дигар ибтикороти шуъба бо мисолҳои мушаххас сухан рафт.

Адибону муҳаққиқони номвар Додохони Эгамзод, Бахтиёр Ҳамдамов, Баҳром Мирсаидов, Олимхон Исматӣ ва Баҳроми Раҳматзод аз минбари андешаи маҳфил марбут ба мавзуи маҳфил ибрози назар карданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод зимни суханрониаш сипосгузории худро ба аҳли нишаст барои эҳтирому таваҷҷӯҳ баён кард. Силсилаи ашъори тозаи хешро ба ҳозирин қироат намуд.

Барномаи адабии донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ва сурудҳо дар иҷрои дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, узви Иттифоқи композиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнҷон Юсупов ва бародарон Ҳилолиддину Алоуддин Шамсиевҳо бар матни устод Аҳмадҷон Раҳматзод ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ