​Фалсафаи ҳаёт!

Боридани борони тирамоҳи заррин ба тамоми табиати ҷомеа таъсир мерасонад ва инсонро сӯи таҳайюлотҳо равона месозад. Аз боронрезӣ фарде хушҳол, ки ҳаво аз чангу ғубор тоза гашту бемории диққи нафас озор намедиҳад, дигарӣ бошад аз расидани намии зарурӣ ба донаи гандуми киштааш меболад. Баъзе деҳқонон ғамгин аз онмешаванд, ки ҳосили пахтаву сабзавоти киштаашонробеталаф ҷамъ оварда наметавонанд.Тоифаи дигар бошанд, аз раҳоӣ дар корҳои саҳроӣ хурсанданд.

Дар қатори инсони бошууру соҳибихтиёр дар олами мавҷудоти зинда баъзеҳайвоноти хокӣ аллакай дар чуқурӣ сарпаноҳ ёфтаву баъзе ҳайвонотро борон сарсону саргардон дар ҷустуҷӯи макон кардааст. Агар олами набототи ёбоӣ аз боридани борон умеди захираи намӣ дошта бошанд, ҷинсҳои кӯҳироборон кафонидаву бо ҷараёни сел ба ҷойҳои нав кӯчонидааст. Ин лаҳзаҳои ҳаёти тасвиргашта далолат медиҳад, ки танҳо аз боридани борони кӯтоҳмуддат ҳаёт дар сайёра боиси таззодҳои гуногунҷанбавубисёрҷабҳа мешавад. Соддагию мураккабии ҷараёнро таҳайюлоти фард бо чени фитрати худ баҳо медиҳаду хулоса менамояд.

Мушоҳида мегардад, ки хусусиятҳои обу ҳаво ба ҳаёту фаъолиятибашарият хеле таъсири баланд мерасонад. Ҳатто осмони абрнок ё кушоди хуршедпай табъи инсонро хира ё болида менамояд. Исбот гардидааст, ки рӯзҳои офтобӣ маҳсули заҳмати инсон файзбору боровар аз давраи тирарӯз мегардад. Руҳияи инсон ба руҳияи табиат алоқаманд аст ва бори дигар собит месозад, ки инсон ҷузъи табиати пурасрор асту қудрати зеҳнию ҷисмонии ӯ табиатро дигаргун намояд ҳам, қонуниятҳои ӯро тағйир дода наметавонад. Алалхусус, мебояд кӯшид, ки дигаргуннамоӣ низ ба ҳоли мусбат бошад.

Оқибати таъсири манфиро аллакай дар тағйирёбии иқлим эҳсос карда истодааем. Бинобар ин, замоне расидааст, ки фитрату зеҳнихудроинсоният барои паст кардани сатҳи таъсир ба ҷараёнҳои табиӣ равона созад.Оқибатҳои нохуши таъсири манфӣ ба ҷараёнҳои табиӣ башариятро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷаҳду ҷадали пешбурди зиндагӣ эҳтиёткору боандеш бошад: “Ҳаёт бор чен кунаду як бор бурад”. Вагарна, ба шохи нишастаасш ё ҳалокати хеш мешавад.

Мебояд таъкид сохт, ки тамомитағйироти табиат дар ҳаёти ҷомеа низ мутақобилан ё рӯирост инъикос меёбад. Аз ин лиҳоз, вақте расидааст, ки башарият аз қадамҳои монда ба болои замин то оқибати оби нӯшидааш андешаи солим кунад. Кӯшад, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ, фитрӣ ва ҷисмониву техникӣ барои ҳамоҳангӣ бо ҷараёнҳои табиӣ равона намояд. Зеро, “мо табиатро аз аҷдодони худ ба мерос нагирифтаем, балки онро фарзандону наберагонамон ба мо ба қарз додаанд”!

Собиров М.С.-дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ