​Факултети иқтисодӣ: робита бо волидайни донишҷӯён таҳким меёбад

Дар факултети иқтисодӣ ҷаласаи навбатии волидайни донишҷӯёни курсҳои якуми ихтисосҳои кори бонкӣ, аудит ва ревизия, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, молия ва қарз, андоз ва андозбандӣ, менеҷменту маркетинг ва иқтисодиёти ҷаҳон ташкил ва баргузор гардид.

Ҷаласаро, муовини декани факултет оид ба корҳои таълим дотсент Гавҳар Қодирова ҳусни ифтитоҳ бахшида, масълаҳои мубрами вобаста ба самти таълимро ба падару модарон баён намуда, мазмун ва мундариҷаи низоми таҳсилоти кредитро ба иштирокчиён шарҳу тавзеҳ дод.

Сипас, муовини декан оид ба корҳои тарбия дотсент Нозим Бобоев перомуни масоили тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ, роҳ надодан ба кирдорҳои ношоиста ва мубориза лайҳи падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир ибрози назар намуд. Ҳамзамон аз волидайн хоҳиш карда шуд, ки пайваста аз рафти таълиму тарбияи фарзандонашон огоҳ ва баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта бо садорати факултетҳо дар иртибот бошанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мазмуну муҳтавои низомнома ва қарору фармонҳои амалкунанда дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба самъи волидайн расонида шуд ва риояи онҳо аз ҷониби эшон бори дигар ёдрас гардид.

Мақсади вохӯрӣ бо падару модарони донишҷӯён пеш аз ҳама риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва падидаҳои манфии ҷомеа маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ