​Ёде аз шодравон профессор Муҳсинов Абдулқосим

Бахшида ба 70 солагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум профессор Абдулқосим Муҳсинов дар факултети математика семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар кори семинар декан ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар доираи семинар дотсент Олимӣ Абдуманнон доир ба мавзуи «Масъалаи Дирихле барои як синфи муодилаҳои дифференсиалии тартиби дуюм» маърӯза намуд. Номбурда зимни ироаи маърӯзаҳо алоқамандии корҳои илмӣ-тадқиқотии худро бо корҳои илмӣ-тадқиқотии марҳум профессор А.Муҳсинов шарҳ дод.

Дар идома ҳамкорону шогирдон хотираҳои худро нақл намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ